Arzon march 2024
7 -ҳуҷҷати муҳиме, ки Тоҷикистон ва Италия имзо намуданд
501


Дар рафти гуфтушунидҳои расмии ҷониби Тоҷикистон ва Италия чандин ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба вусъат ёфтани муносибатҳои ду давлат кӯмак мерасонанд.

Дар маҷмӯъ ҷонибҳо 7 ҳуҷҷати муҳимро ба имзо расониданд. Аз ҷумла:

1.Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амният;

2. Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Италия дар бораи ҳамкории оперативӣ дар мубориза бо маводи мухаддир;

3. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Италия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

4. Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар барои солҳои 2024-2027;

5. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва амнияти энергетикии Италия;

6. Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Италия дар бораи бекор кардани талаботи раводид барои соҳибони шиносномаҳои дипломатӣ;

7. Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2024-2026.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД