Arzon march 2024
550 мард аз хушунат ва зӯроварӣ шикоят кардаанд
09.03.2025
Oila.tj
750

Агарчи соли гузашта дар кишварамон аз солҳои пешин пошхӯрии оилаҳо камтар шуда бошад ҳам, мушкилот ҳамоно боқӣ мондааст. Агар солҳои пешин танҳо занон аз хушунату зӯроварӣ дар оила гила мекарданд, соли 2024 мардҳо ҳам зери мушту лагад ва хушунат қарор гирифтаанд.

Соли гузашта зиёда аз 550 мард ҷиҳати зӯроварӣ ва хушунат нисбати онҳо муроҷиат кардаанд. Ин ҳол соли 2023 - 61 шикоят камтар ба қайд гирифта шуд.

Зӯроварӣ ба ҷониби мардон тариқи дахолати шахсони сеюм: бародари зан, падар, ё ягон хеши зан сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи муноқишаҳои иҷтимоӣ дар оила, нофаҳмиҳо ва камбудиҳои иқтисодиву коста будани фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи нодурусти зану шавҳарон сурат гирифтанд, иттилоъ доданд дар Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хушунат бар занон

Аммо ҳамоно хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан аз ҳад зиёд буда, шумораи он дар соли гузашта 2 ҳазору 652 расидааст, ки аз соли 2023 84 ҳолат зиёдтар мебошад.

Соли 2026 дар Тоҷикистон барои дастгирии занону духтарони аз хушунату зӯроварии хонаводагӣ азиятдида, паноҳгоҳ бунёд карда мешавад. Он бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд сохта мешавад. Айни замон, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ин тоифа занон хобгоҳ амал мекунад.

Ҷиноят аз ҷониби занон

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. Соли 2023 бошад, 3418 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. Аз ин шумора, 208 ҷиноят нисбати духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2023 - 72 ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин, зиёда аз 1 700 ҷиноят аз ҷониби занону духтарон содир гаштааст, ки нисбат ба соли 2023 - 172 ҷиноят камтар мебошад.

Кам шудани ақдбандӣ

Соли гузашта, беш аз 9 ҳазор ақди никоҳ бекор гашта, нисбат ба соли 2023 беш аз 1000 адад камтар ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ҳамзамон, 75 197 ақди никоҳ баста шудааст, ки нисбат ба соли 2023 - 1247 камтар мебошад.

Сабаби асосии пош хӯрдани оилаҳоро дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал ва омода набудани маҳз духтарон ба ҳаёти мустақилона иттилоъ доданд дар Кумита ва арз намуданд, ки духтарони тоҷик касбу корро намеомӯзанд, ҳунар надоранд, ва натиҷааш вайроншавии оила мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо худи падару модарон сабабгори вайроншавии оилаҳо ҳастанд.

Афзоиши никоҳи бармаҳал

Соли 2024 дар Тоҷикистон 55 ҳолати ғайриқонунӣ ба шавҳар додани духтароне, ки ба синни никоҳ нарасидаанд, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023 - 18 ҳолат бештар мебошад.

Тибқи ахбороти Кумитаи занон ва оила, нисбати волидайни ҳамаи онҳо барои “бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст”, яъне моддаи 196 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гашта, ҷораҷӯӣ анҷом дода шудаст.

Ин банди қонунгузорӣ, аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025 - 75 сомонӣ) ҷарима, ё бо корҳои меҳнати ислоҳӣ, ба муддати то 2 сол, ва ё то панҷ соли зиндон пешбинӣ мешавад.

Аз ҷумла, 771 ҳолати кам нишон додани синни ақди никоҳ аз ҷониби додгоҳҳо сабт шудааст, ки ин шумора нисбат ба соли 2023 - 31 ҳолат камтар аст.

Сӯйиқасд ба ҷон

Соли 2024 дар кишвар беш аз 400 ҳолати худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ аз сӯи занону духтарон сабт гаштааст. Аз ин шумора - 316 ҳолати худкушӣ ва 99 ҳолати сӯйиқасд мебошад, ки аз ҳамин давраи соли гузаштааш камтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД