Рӯзи 4-уми июн дар Душанбе шаби эҷодии Баҳодур Неъматов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин консерт ба муносибати 50-солагии фаъолияти ҳунарии ин овозхони маъруфи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид ва санъаткорону мухлисони суруду мусиқиро гирди ҳам овард.
Баҳодур Неъматов таронаҳоеро суруд, ки ним аср боз миёни халқ замзама мешавад. Аммо аксари сурудҳои ин консерт тоза эҷод шудаанд.
“Замзамаи зиндагӣ” - номи яке аз сурудҳои Баҳодур Неъматов унвони ин барномаи консертӣ буд. Ӯ бо суруди “Хуш омадед” шаби эҷодиашро оғоз кард ва пасон таронаҳои “Маҳраме ҷӯям”, “Тарабангез” ва “Нанги зиндагонӣ”-ро сароид.
Шаби эҷодии Баҳодур Неъматов ҳарчанд таҷлил аз 50 соли фаъолияти ҳунарии ӯ буд, вале ин шаби ҷавонӣ ҳам буд. Худи овозхон таронаҳои “Ҷавониям ҷавонӣ”, “Дунёи ҷавонӣ”, “Ёракон рақсе кунед” ва “Попурии ҷавонӣ”-ро суруду зери оҳанги ӯ ҷавонон ҳам рақсиданд.
Ин барнома наздики се соат давом кард ва бо суруде, ки 50 сол пеш суруда буд – “Шаб ба хайр” ба поён расид.
Барои ширкат дар консерти Баҳодур Неъматов ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мағфират Ҳамроқулова аз Амрико омада буд. Раҳима Шалоэр ва Исматулло Холов - ситораҳои ансамбли “Гулшан” низ ба саҳна баромаданд ва хотири тамошобинонро шод карданд.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Неъматов 20 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1977 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Аз ҳамон сол ба ҳайси солист дар ансамбли эстрадии «Гулшан» фаъолият кардааст. Аз моҳи январи соли 2001 то моҳи апрели 2003 роҳбари ансамбли «Гулшан» буд. Айни замон ҳамчун омӯзгор дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кор мекунад ва фаъолияти омӯзгориашро идома медиҳад.
Баҳодур Неъматов — сарояндаи боистеъдод ва касбии мусиқии эстрадии тоҷикӣ буда, саҳми арзандае дар рушди ин соҳа гузоштааст. Ӯ зиёда аз 100 тарона иҷро кардааст, ки дар фонди Радиои Тоҷикистон ва Телевизиони Тоҷикистон сабт шудаанд. Аз ҷумла, таронаҳои маъруфе чун: «Эй Ватан», «Шаб ба хайр», «Майда-майда мерақсӣ», «Ҷонанакак», «Бути нозанин», «Гулро намефурӯшанд», «Ишқи дерин», «Чу механдӣ», «Чашми сиёҳ дорӣ», «Ман дубора ошиқ мешавам», «Ҷаҳони ҷавонӣ» ва ғайра.
Баҳодур Неъматов бо оҳангсозони маъруф Кудратулло Яҳёев, Амирбек Мусаев, Зайниддин Зулфиқоров ва дигарон ҳамкорӣ кардааст. Худаш ҳам сурудҳои зиёде эҷод кардааст. Дар доираи чандин фестивалҳо ва озмунҳои кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ҷопон, Корея ва дигарон сафар кардааст.