Ман ҷавонзани шаҳрӣ, коргар ва модари 2 фарзанд ҳастам. Азбаски пӯсти рӯям аз ҳад зиёд хушку нозук аст, нав ба синни 30-солагӣ қадам гузошта бошам ҳам, аллакай дар рӯям пайдо шудани чинҳои аввалинро дида, ғамгин мешавам.
Шунидам, ки барои он ки пӯсти рӯй чин пайдо накунад, онро бояд ҳамеша бо истифода аз малҳамҳо нарм нигоҳ доштан лозим аст. Дар фасли тобистон нарм нигоҳ доштани пӯст кори хеле душвор аст. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Гулноз.
Дар фасли тобистон пӯсти рӯй аз ҳарвақта бештар ба нигоҳубин ниёз дорад, зеро ҳар лаҳза таҳти фишори нурҳои зараровари офтоб қарор дорад. Чангу хок, ҳавои тасфон ва шамоли хушк ҳатто пӯсти муътадилро табоҳ месозад, рангу бори пӯст бошад, зуд-зуд бо арақи рӯй тоза мешавад. Аз ин рӯ, роҳҳои дар тобистон нармкунонии пӯстро бояд пайдо намуд, то ки он ботароват, нарм ва нафис бошад.
Малҳами мувофиқ ёбед
Дар фасли тобистон пӯст равғани бештар ҷудо мекунад, вале ин маънои нарм будани онро надорад. Маҳз дар фасли тобистон ғадудҳои чарбӣ фаъол мешаванд, пӯст барои он ки ба таъсироти муҳити беруна зиддият нишон диҳад, дағал мегардад. Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки малҳамҳои нармкунанда дар таркиби худ моддаҳои зеринро аз қабали глитсерин ва ҷавҳари гиалурон дошта бошад. Ҳамзамон пеш аз хоб нигоҳубин намудани пӯстро фаромӯш насозед. Ҳар шаб ба пӯсти рӯй малҳами ғизобахшеро, ки ҳангоми хоб пӯстро барқарор ва ботароват месозад, молида, натиҷаашро дарҳол мебинед.
Тоники нармкунанда молед
Вақте пӯсти шумо хушку беоб мегардад, танҳо бо малҳами нармкунанда онро шодоб кардан номумкин аст. Якҷоя бо малҳами нармкунанда мушкоби нармкунандаи тунукро истифода баред, беҳтараш он дорои SPF, яъне аз офтоб ҳифзкунанда бошад. Чунин мушкоб намнокиро дар пӯст бардавом нигоҳ дошта, муҷиби нарму ботароват гаштани он мегардад, ҳамзамон аз нурҳои зарарноки офтоб ҳифз мекунад.
Пӯстро шодоб гардонед
Барои он ки пӯсти рӯятон хушк нагардад, давоми рӯз аз оби гарми зеризаминӣ (термалная вода) истифода бурдан лозим аст. Минералҳои таркиби чунин об пӯстро аз оксиген шодоб ва мубодилаи моддаҳоро ба эътидол меорад.
Ниқоби нармкунанда молед
Ҳафтае 2-3 маротиба ниқобҳои нармкунандаро истифода баред. Барои он ки пӯсти рӯй дарҳол нарм гардад, аз ниқобҳои латтагии ғизобахше, ки на танҳо пӯстро нарм, балки нерӯ мебахшанд, истифода баред. Чунин ниқобҳо барои бонувоне рост меоянд, ки дар утоқҳои кондитсионердор кору фаъолият мекунанд.
Об нӯшед
Барои он ки пӯсти рӯй ба қадри кофӣ нарм кунонида шавад, дар баробари истифодаи малҳаму ниқобҳои ғизобахш дар як рӯз то 2 литр об истеъмол намоед. Танҳо фаромӯш насозед, ки обро вақти хӯрокхӯрӣ ё баъди тановули ғизо нӯшидан лозим нест, балки ним соат қабл аз хӯрокхӯрӣ ва баъди он.