Шахсоне, ки “грижа”-и сутунмуҳра доранд, дар фасли зимистон бештар азият мекашанд. Бо сабаби зиёд будани намнокӣ дард боз ҳам шадидтар ва тоқатфарсо мегардад. Аз ҳаимн хотир мо чанд машқи махсусро барои катар крадани эҳсоси дард ба шумо пешкаш месозем.
Машқи 1
Дар пушт хобида, зонуҳоятонро қат кунед ва як пои худро бо дастатон дошта, ба сӯи синаатон кашед. Тахтапушти худро ба фарш пахш кунед ва шикамро фишор диҳед. Ин ҳолатро 5 сония нигоҳ дошта, баъд каме дам гиред ва баъдан бо пои дигар такрор кунед. Пас аз ин машқро бо ҳарду по ҳамзамон такрор намоед. Ин машқро 2-3 маротиба такрор кардан лозим аст.
Машқи 2
Бо пойҳои қатшуда ба пушт хобед ва миёнатонро каме бардоред. Пойҳо ва китфҳои худро дар фарш нигоҳ доред. Дар ҳаимн ҳолат 5 сония истед,баъд дам гиреднигоҳ доред ва ба мавқеи ибтидоӣ баргардед. Шикаматонро дам кунед ва 5 сония тоқат карда, баъд ба ҳолати аввала баргардед. Ин машқро аз 5то 30 маротиба такрор кунед.
Машқи 3
Ба пушт хобида, пойҳоятонро қад кунед ва қисмати миёну сӯринро аз фарш бардоред. Китфҳо, дастҳо ва пойҳои худро дар фарш ҳамвор нигоҳ доред. Дар ҳаимн ҳолат 3 маротиба чуқур-чуқур нафас кашида, баъд ба ҳолати аввала баргардед. Машқи мазкурро 5-30 маротиба такрор кардан лозим аст.
Машқи 4
Чаҳорпоя истода, кос ва ронҳои худро дар болои зонуҳо ва китфҳо рост нигоҳ доред. Оҳиста-оҳиста саратонро хам карда, тахтапуштро баръакс ба боло кашед. Чанд сония дар ҳамин ҳолат истода, баъд ба ҳолати оддӣ баргардед. Ба камоншакл кардани пушт оғоз намоед, дар ин ҳолат бояд саратон ҷониби шифт, яъне боло ва нофатон ҷониби фарш-зам ин бошад. Ин машқро 3-5 маротиба такрор кунед.
Машқи 5
Дар болои курсӣ нишаста, пои рости худро болои пойи чапатон гузоред ва ба тарафи рост тоб хӯред. Оринҷи чапи худро ба зонуи ростатон такя дода, дар ҳаимн ҳолат 10 сония нигоҳ доред, баъд каме дам гирифта, машқро бо тарафи дигар такрор кунед. Ин машқро 3-5 маротиба иҷро кардан лозим аст.