Arzon march 2024
5-фоидаи каду ба саломатии инсон
685


Аксарият ба каду назарногирона менигаранд, вале дар таркиби ин сабзавоти оддӣ моддае бо номи карнитин мавуд аст, ки ҷисми моро саршор аз нерӯ ва энергияи нав мегардонад.

1. Каду ҷисми инсонро аз дарун тоза карда, ифлосиҳо (шлаки)-ро мебарорад.
2. Бо шарофати моддаҳои муфмидаш каду кори майнаи сарро ба низом медарорад. Ҳамагӣ ним истакон шарбати кадуро бо ду қошуқ асал омехта карда нӯшед, асабро ором намуда, ба шумо эҳсоси фараҳу шодӣ мебахшад.
3. Каду дар таркибаш витамини К дорад, ки барои мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти бонизоми гурдаҳо бениҳоят заруранд.
4. Бартарии дигари каду дар он аст, ки дар таркибаш ба миқдори зиёд альфа ва бета-каротин дорад. Ин моддаҳо барои биноии чашм, рушди ҳуҷайраҳо ва пурқуват шудани системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитети инсон заруранд.
5. Ба шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд ё сатҳи холестерин дар хунашон баланд аст, хӯрдани донаки каду маслиҳат дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД