Formula novemver 2024
5 дастоварди Фаррух Ҳасанов аз Наврӯз то Наврӯз
1079

Мехоҳед донед, ки сарояндаи ҷавон ва муваффақи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар тӯли як сол, яъне аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 ба чӣ дастовардҳое ноил гаштааст? Мутаваҷҷеҳ бошед!

1. Якумин дастоварди Фаррух Ҳасанов ғолиб омадани ин сарояндаи ҷавони тоҷик дар озмуни овозадори мусиқии “Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи телевизионии “Россия-1” буд ва Фаррух аз он бо Шоҳҷоиза ва 5 миллион рубли русӣ ба Ватан баргашт.                           
2. Дастоварди дигари ин сарояндаи ҷавон сазовор гаштан ба нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Худи Фаррух Ҳасанов дар сториз чунин гуфта буд: ”Дар синни 25- солагӣ ба даст овардани ин нишон барои ман як фахр аст. Дар оянда ҳунарамро сайқал дода, натиҷаҳои хубӣ фарҳангӣ нишон медиҳам.”                                                      
3. Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба овозхони ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Фаррух Ҳасанову калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намуд. Ин барои ҳунарманди ҷавоне, ки ба тозагӣ ба ҷодаи санъат қадам гузоштааст, дастоварди бузург аст, зеро ҳунармандоне ҳастанд, ки солҳои сол заҳмат кашида бошанд ҳам, то ҳол хона надоранд.                                                                          
4. Дар остонаи иди бонувон ва “Рӯзи Модар”Фаррух Ҳасанов дар шаҳри Душанбе як барномаи калони консертӣ барпо намуд. Ин аввалин консерти калони сароянда, баъди комёбиаш дар озмуни “«Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи 1-и ТВ-Россия буд.                                   
5. Дар Рӯзи консерташ Фаррух Ҳасанов падар шуда, соҳиби як шоҳписари паҳлавон гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД