Arzon march 2024
5 бемории занонае, ки дар фасли зимистон авҷ мегиранд
25.01.2025
ОИЛА.ТҶ
574

Бонувон дар тамоми фаслҳои сол масъулиятҳои зиёдеро бар дӯш доранд ва новобаста ба вазъи боду ҳаво бояд сари по бимонанд, то барои шавҳару фарзандон ва аҳли оилаашон содиқона хизмат кунанд.

Аксаран, чунин фидокории зан ва ташвишҳои беохири зиндагӣ боис мегардад, ки бонувон ба саломатии худ бепарвоӣ карда, ба илтиҳоби бачадон, хоришак, баста шудани найчаҳои бачадон ва дигар бемориҳои занона гирифтор мешаванд, ки оқибатҳои нохуш дошта, то бенаслӣ бурда мерасонанд. Барои пешгирии чунин ҳолат, имрӯз мо ба шумо дар боби 5 бемории зимистонаи занона маълумот медиҳем.

1. Бар асари таъсири хунукӣ ва нам кашидани пойҳо занону духтарон дар фасли зимистон тез-тез ба хоришак-цистит гирифтор мешаванад.

2. Аз таъсири сармо занон ба илтиҳоби узви занона (вульвовагинит) низ, гирифтор шуда, метавонанд.

3. Боз як бемории зимистонаи занона варами дохилаи сари баччадон (эндоцервицит) мебошад.

4. Бемории дигаре, ки дар айёми сармо бонувонро азият медиҳад, ин илтиҳоби санги гурда (пиелонефрит) мебошад.

5. Таъсири манфии ҳавои сард ва намнок занонро ба илтиҳоби баччадон гирифтор месозад, ки боиси баста шудани найчаҳои бачадон гашта метавонад.  

Занҳои ҳомила, эҳтиёт бошед!

Дар фасли зимистон, махсусан занони ҳомила бояд эҳтиёт бошанд, зеро шамолкашӣ ҳам худи зан, ва ҳам тифли дар батнаш бударо ба ҳар намуд бемориҳо гирифтор карда метавонад. Махсусан, дар семоҳаи дуюми ҳомиладорӣ хавфи шамолкашӣ ва ба илтиҳоб гирифтор шудани узвҳои занонаи модари оянда зиёдтар аст, зеро дар ин давра тифл нисбатан калонтар шуда, вазни кӯдак ба узвҳои занона фишор меорад. Дар натиҷа, гардиши хун дар узвҳои занона суст гашта, устувориашон нисбат ба уфукннатхои (инфексияҳо) гуногун бештар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД