5 адад мошинҳои махсус барои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
03.12.2025
Oila.tj
39

Дар доираи иҷрои вазифаҳои қисмати сеюми лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”, яъне омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар тандурустии ҷамъиятӣ 5 адад мошинҳои махсуси ду кабинаи дорои муҳаррики пурра барои интиқоли намунаҳои хатарнок ва маводҳои масрафшавандаю бастабандӣ харидорӣ ва ба кишвар ворид гардидаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, калиди мошинҳои махсусгардонидашударо Ҷамолиддин Абдуллозода дар вазъияти тантанавӣ ба масъулони муассисаҳои соҳавии мамлакат супоридааст.

- Қобили зикр аст, ки ин автомобилҳо тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №12-195 аз 10. 11. 2025 ба муассисаҳои озмоишгоҳҳои бактериологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тақсимот мегарданд. Аз ҷумла Муассисаи давлатии "Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ" назорат аз болои нақлиёт ва сарҳадот дар шаҳри Душанбе, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии (МНДСЭ) вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, ВМКБ дар шаҳри Хоруғ, марказҳои минтақавии Бохтар ва Кӯлоб дар вилояти Хатлон бо дастрасӣ ба ин таҷҳизоти зарурӣ метавонанд интиқоли намунаҳои хатарнок ва маводҳои масрафшавандаю бастабандро саривақт ва бо сифат ба роҳ монанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки мошинҳои махсусгардондашуда дар доираи татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Барномаи омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустӣ (HEPR), ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ идора карда мешавад, харидорӣ гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД