Наврӯз оғози соли нави мардумони Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар тӯли як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 якбора дари бахти 3 зебосанами машҳури тоҷик кушода шуда, шавҳар карданд ва соҳиби хонаву дари ободу зиндагии хушбахтона гаштанд. Мехоҳед донед, ки ин 3 бонуи хушбахт киҳоянд? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!
Шаҳло Ҳафизова ишқи зиндагиашро пайдо карду...
Шаҳло Ҳафизова, сарояндаи ҷавоне, ки бо таронаҳои ҷаззобу лаҳну шеваи ширинаш ба дили мухлисони зиёде роҳ ёфтааст, ниҳоят ишқи зиндагиашро пайдо намуда, оиладор шуд. Дар ин бора яке аз наздикони сароянда ба Oila.tj хабар дода буд. Ба баёни манбаи мо, Шаҳлову номзадаш ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шудаанд.
Шабнами Сурайё ба табрики Нек ва Тарра рафт
Аз Наврӯз то Наврӯз ҳамчунин ду блогери серҳаводори тоҷик Некрӯз ва Муаттара, ки бо номҳои Нек ва Тарра машҳуранд, оиладор шуданд. Маросими васли онҳо дар тарабхонаи "Осмон" баргузор гашта, дар базми тӯёна ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ҳузур дошт. Шабнам ин ду ҷавони дилдодаро бо таронаҳои марғуби ошиқонааш табрик намуда, барояшон бахти сафед ва шӯҳрати бештар орзу кард.
Nek.xxl ё Некрӯ ҳамроҳи Тара Динова ва ё Муаттара Насриддинова дар бораи зиндагии якҷоя блогҳои ҳаҷвӣ доранд. Онҳо дар наворҳояшон дар қолабҳои гуногун, қиссаҳои маъмулӣ аз зиндагии тоҷиконро нишон медиҳанд, ки дар байни тамошобинони тоҷик мухлисони зиёде доранд.
Ниҳоли ишқи Хусрав ва Дия сабз шуду...
Ҳамзамон аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи имсола ниҳоли ишқи боз ду чеҳраи шинохта- ҳаҷвнигор ва блогер, аъзоёни гурӯҳи “Tajik show” Хусрав Юсуфов ва Дия сабз шуда бо ҳам хонадор шуданд. Пас аз тӯй дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёд ба миён омаданд,ки Дия зани дуюми Хусрав шудааст, вале худи Дия дар як сторизаш дар “Иистаграм” гуфт: “Ин овозаҳо асос надоранд. Ман ягона занаш ҳастам!”
Ин зебосанам иқрор шуд, ки онҳо ба ҳамдигар ошиқ шуда, оила барпо кардаанд.