Шоми 22-юми октябр дар Баҳрайн маросими ифтитоҳи 3-юм Бозиҳои осиёии наврасон доир гашт, ки то 31-уми октябр идома меёбад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, иҷрокунандаи вазифаи раиси Шурои олимпии Осиё Тимоти Фок зимни суханронӣ ба Баҳрайн барои дар муҳлати кутоҳ омода кардани чорабинӣ изҳори сипос намуд: “Ман паёми худро бо ташаккур ба Баҳрайн оғоз мекунам, ки дар замоне, ки мо ниёз доштем, дасти худро боло карда, ба оилаи олимпии Осиё гуфтед, ки барои мизбонии Бозиҳои осиёии наврасон омодаед”.
Гап сари ин ки Бозиҳо бояд дар Ӯзбекистон мегузашт, аммо бо сабаби сари вақт омода нашудани инфрасохтори варзишӣ Тошканд аз мизбонии чорабинӣ даст кашид.
Дар маросими ифтитоҳ зикр гардид, ки Бозиҳои осиёии наврасон аз рӯйи 26 намуди варзиш (31 равия) сурат гирифта, дар он беш аз 4000 варзишгари 45 давлати қора ширкат мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 65 варзишгар дар 12 намуди варзиш - бокс, бадминтон, варзиши сабук, варзиши электронӣ, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, кураш, муай, ММА, таеквондо, ҷиу-ҷитсу, ҷудо, шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.