Arzon march 2024
3-усули халқии тоза кардани ҷигар баъди зарпарвин
1160

Салом! Писарчаи 10-солаам чанд рӯз боз беҳолу бемадор метобад. Сафедии чашмонаш зард шудаанд ва тамоман иштиҳо надорад. Тахмин мекунам, ки ба бемории зарпарвин гирифтор шудааст, вале имкони ӯро ба беморхона бурдан надорам, чунки мо дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекунем.

Дар сомонаи Оила. ТЧ гоҳ-гоҳ маслиҳатҳои табиби машҳур Садриддиншо Насриддиншоевро ба беморон мехонам. Мехостам дар табобати писарам аз ин марди донишманд маслиҳат бипурсам. Барои зудтар шифо ёфтанаш ба писарам чӣ диҳад?
Гулбибӣ аз ноҳияи Хуросон

Посух
Хоҳари азиз! Ҳеҷ гоҳ бемориро муайян накарда табобат накунед, чунки бо худтабобаткунӣ ба ҷойи фоида ба саломатии фарзандатон зарар расонда метавонед.

Шумо бояд ҳатман фарзандатонро назди духтур бурда, хуну пешобашро супоред ва ташхиси ултрасадо, яъне УЗИ кунед. Дар ҳақиқат ба зардпарвин гирифтор гашта бошад ва ё ҷигараш илтиҳоби тунд дошта бошад, ҳатман ӯро дар касалхонаи бемориҳои сироятӣ хобондан лозим аст.

Бемороне, ки мубталои зардпарвин ҳастанд, бояд аз хӯрдани ғизоҳои бирён, тунд, тез равғани ҳайвонот ва хӯрокҳои дерҳазм худдорӣ намоянд. Оби сабзӣ, анор, лимӯ, турб, каду ва мош барои касоне, ки ба зардпарвин гирифтор шудаанд, муфид аст.

Дар қатори доруҳое, ки табибон мефармоянд, метавонед аз тавсияҳои мо, ки баҳри пок сохтани ҷигар кӯмак мерасонанд, истифода баред. Ман ба шумо чанд нусхаи оддиро тавсия медиҳам. Дастрас кардани ин гиёҳҳо чандон душвор нест.

Даво аз талхявшон

Решаи гиёҳи талхявшонро майда карда аз гӯштқиммакунак гузаронед ва ба он ҳамон андоза асалро илова карда, ҳар рӯз се бор пеш аз хӯрок ним қошуқи ҷойхӯрӣ аз ин даво ба писаратон диҳед.

Чордоруи муфиде, ки ҷигарро тоза мекунад

Пудинаи кӯҳӣ, чойкаҳак, газна ва бодиёнро нағзакак шуста, майда кунед ва омехта намуда ду қошуқ аз ин таркибро дар ним литр оби ҷӯш дам партоед.

Пас аз ду соат гиёҳобро полонда, ба зарфе бигиред. Ҳар рӯз се-чор бор ним пиёлагӣ аз ин гиёҳоб ба писаратон нӯшонед, ҷигараш ба зудӣ тоза мешавад.

Решаи зелолро фаромӯш накунед!

Як қошуқ аз реша ё пӯсти майдакардашудаи зелолро дар 200 грамм об муддате ҷӯшонеду дар давоми рӯз кам-кам ба бемор диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД