Назирмад ҷавони 28- солаест, ки тамоми умрашро дар бистарӣ беморӣ гузаронидааст. Аз рӯзе, ки чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, модараш ӯро мисли кӯдак нигоҳубин карда, оббозӣ медоронад, хӯрок медиҳад, сару либосашро мешӯяд...
Назирад Шерматов ҳамроҳи волидонаш дар хонаи апааш, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст, зиндагӣ мекунанд. Апааш баъд аз саргардониҳои падару модари пираш тасмим гирифт, ки худаш иҷора нишаста, додари беморашро ҳамроҳи волидонаш дар хонааш ҷо кунад, то онҳо аз сарсонию саргардонӣ халос шаванд, вале модар азобҳои духтарашро дида, азоби виҷдон мекашад. Мехоҳанд ақаллан як хонаи хурдакак дошта бшанд, то ки ҳамроҳи Назирмади бемор дар он ҷо бе малол зиндагӣ кунанд ва духтарашон ба хонаву дари худаш баргардад.
Раҷабмоҳ Ҳанифова, модари Назирмад аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мекашад ва зиндагиро бо нафақаи ночизаш пеш мебарад. Зимни суҳбат бо мо модар иқрор шуд, ки болову поин кардани писараш, ки марди баркамол шудааст, барояш бениҳоят душвор аст, охир Назирмад 28-сол дорад ва бояд падару модари пирашро нигоҳубин кунад, на онҳо ӯро.
Бобои Ҷамшед Шерматов-падари Назирмад 80-сол дошта, 5 маротиба ҷарроҳӣ шудааст ва духтурон тавсия додаанд, ки аз корҳои вазнин худдрӣ намояд, чунки кори вазнин ба саломатиаш таъсири хеле бад мерасонад, аз ҳамин хотир тамоми мушкилиҳои Назирмадро фақат модараш ҳал мекунад. Зиндагиашон рӯз то рӯз вазнинтар мешавад аз ҳаимн хотир онҳо бо умеди кӯмак ба Оила. Тч муроҷиат намудаанд. Шахсоне, ки ба Назирмади 28- солаи маъюб ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба корти рақми 5058-2703-6773-7557 (Корти миллӣ аз Душанбе-сити) гузаронанд, ки ба рақами телефони 918-91-03-66 пайваст аст ва ё ба ҳамин рақамҳо занг зада бо худи Назирмад ва падару модари пираш ҳамсӯҳбат гарданд.