Formula novemver 2024
13-14-уми июл омадани сел ва чангу ғубор дар назар аст
1347

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 11-12-уми июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Ҳамчунин, 13-14-уми июл дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии ҳаво, чангу ғубор дар назар аст. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуд.

1. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ҳолати баамалоии чангу ғубор зуд-зуд бо латтаи намнок манзили истиқоматиашонро тоза кунанд.

2. Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, эҳтиёткор бошанд.

3. Ҳамчунин Кумита огоҳ менамояд, ки ин ҳаво ба беморони гирифтори касалиҳои диабети қанд, дилу раг ва гипертония метавонад мушкилот эҷод кунад. Аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки ҳавои манзили худро пайваста тоза намуда, дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД