Arzon march 2024
11-калимае, ки касро ба беморӣ гирифтор месозанд
1194



Психотерапевти олмонӣ Нусрат Пезешкиён исбот кардааст, ки саломатии инсон натанҳо аз ғизои хубу ҳаёти солим ва табъи болидаву вақти хуш, балки аз суханони ба забон меовардааш низ сахт вобастагӣ дорад.

Ин олими эронитабор мегӯяд, калимаҳое ҳастанд, ки тез-тез ба забон оварданашон боиси ба касалиҳои гуногун гирфтор гаштани шахс мешавад. Дар ин бора сомонаи "Замин .уз" чунин менависад:

“Сухани шахс аз рӯи аҳволи ботиниаш ба саломатии ӯ метавонад таъсиргузор бошад. Аксари одамон ба воситаи фикр худро бемор ё солим мекунанд. Калимахое, ки ба кори узвхои физиологии инсон бевосита таъсир мерасонанд, нутқи органикӣ номида мешаванд.”

Ба қавли Нусрат Пезешкиён, новобаста аз он ки шахс чӣ қадар қавӣ аст, суханоне, ки мудом вирди забонаш ҳастанд, ҳатман ба саломатиаш таъсир мерасонанд. Вақте ки мо ба душвориҳо тоб наоварда, суханони пур аз хашму ғазаб ва нафратро ба забон меорем, андешаҳои бадамон ба мисли бумиранг дар шакли фармон ба баданами худамон баргашта, кори баъзе узвҳоро халалдор месозад.

Ин калимаҳоро дар ёд бигиред ва фаромӯш накунед, ки тез-тез ба забон оварданашон хатари бемориҳои зеринро меафзояд:
1. Ҳама чиз дар гардани ман аст – остеохондроз
2. Ҳама чиз ба ҷонам зад –пайдо шудани варам
3. Ба дилам сахт расид - сактаи дил.
4. Аз мушкилоти зиёд сарам ба дард омад- мигрен
5. Хунамро хӯрд- бемориҳои хун
6. Косаи сабрам пур шуд - гипертония.
7. Дигар намехоҳам касеро шунавам – сустфаҳмӣ
8. Асабамро насанҷед - афсурдагӣ
9. Дар зиндагии ман шодӣ нест-иллаҳои ҷигар, бемориҳои гуногуни меъдаю рӯда ва фарбеҳӣ.
10. Худро дарун ба дарун мехӯрам-пайдоиши захм ва баромадани ҳар хел яраҳо дар бадан.
11.Мурда барин хаста шудаам–гирифтор шудан ба касалиҳои урологӣ.

Ана ҳамин хел дӯстони азиз, забони мо пеш аз ҳама душмани худи мост. Солим будан хоҳед, панди машҳури “рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек”-ро сармашқи ҳаёти худ қарор дода, бо атрофиёнатон меҳрубон бошед ва ҳамеша суханҳои некро ба забон оред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД