Барои дастгир намудани шахсе, ки як ронандаи таксиро дар кӯчаи Яккачинори пойтахт корд зада буд, 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.
“Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз эътимоду боварӣ ва ҳамкории доимӣ ба шаҳрвандон изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки барои муайян ва дастгир кардани гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксӣ - Беков Зиёвиддин гардид, ба шахси ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад”,- омадааст дар хабар.