Formula novemver 2024
10 зарари сари луч гаштан дар фасли зимистон
17.01.2025
ОИЛА.ТҶ
421

Дар рӯзҳои сарду пурбарфи зимистон низ аксари ҷавонону духтарон сари луч мегарданд. Ин ба саломатӣ зарар дорад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 зарари сари луч гаштан дар фасли зимистон маълумот медиҳем.

1. Дар фасли зимистон ҳатман ба сар рӯймол бастан ё кулоҳи гарм пӯшидан лозим аст, чунки ҳавои хунук ба майнаи сар ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими инсон таъсири манфӣ расонида, дар натиҷа ба ҳар хел касалиҳо гирифтор шудан мумкин аст.

2. Яке аз бемориҳои вазнине, ки бо сабаби сари луч гаштан дар ҳавои сард пайдо мешавад, ин менингит мебошад. Менингит илтиҳоби пардаи майнаи сар буда, оқибатҳои ногувор дорад ва касро то ба марг бурда расонида метавонад.

3. Одамоне, ки дар фасли зимистон рӯймол намебанданд ва кулоҳи гарм намепӯшанд, бар асари гармохунукшавии организм иммунитеташон суст мешавад. Вақте иммунитети инсон заиф гашт, касалиҳои кӯҳнашудае, ки дар вуҷудаш ҳастанд, якбора авҷ мегиранд, бар замми ин, кас ба осонӣ ба бемориҳои илтиҳобию сироятӣ гирифтор шуда метавонад.

4. Одам муддати тӯлонӣ дар кӯча сари луч гашта, баъд бо сару рӯйи яхкарда ба хона, корхона ё дигар макони гарм дарояд, ба отит, ки яке аз бемориҳои паҳншудаи гӯш ба шумор меравад, гирифтор мегардад. Бо сари тар ба кӯча мебаромадан ҳам касро ба отит гирифтор карда метавонад.

5. Бар асари хунукӣ дар гӯши одамоне, ки сари луч мегарданд, пучак мебарояд.

6. Аз таъсири сармозадагӣ дар гӯшҳо садо (шум) пайдо шуда, метавонад боиси суст шудани шунавоӣ ва ҳатто кар шудани инсон гардад.

7. Бештар шахсоне, ки дар рӯзҳои сарди зимистон сари луч мегарданд, ба ангина гирифтор мешаванд.

8. Дар фасли сард бе рӯймол ва кулоҳ гаштан касро ба гаймотир ва фронтит гирифтор карда метавонад.

9. Яке аз сабабҳои ба бемории астма гирифтор шудан сари луч гаштан дар фасли зимистон мебошад.

10. Кӯлоҳ ва рӯймол напӯшидан дар рӯзҳои хунук ва барфии зимистон метавонад боиси шамолкашии торҳои асаби рӯй, невролгияи асаби сешоха (тройничный нерв) ва баланд шудани фишори дохили майна, яъне черепное давление гардад.

Хулоса, саломатии худро эҳтиёт намоед ва бе кӯлоҳ ё рӯймол ба кӯча набароед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД