Яке аз мушкилиҳои асосӣ ва еле ҷиддии ҷомеа паҳншави бемориҳои ВНМО мебошад. Дар ин масъала мо бо Вазорати Тандурусии кишвар нақшаи муштарка дошта кор бурда истодаем.
Яке аз сабабҳои асосии ин вирус истеъмоли маводҳои мухаддир, дуюм фоҳишагӣ ва ҳамҷинсгароӣ мебошад, ки хеле зиёд ба қайд гирифитем, ки барои паҳн кардани ин вирус мусоидат кардаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза ин нуқтаро қайд карданд.
Номбурда ҳамчунин илова карданд, ки "Дар шаҳри Душанбе даҳ парвандаи ҷиноятӣ нисбати 86 нафаре, ки дидаву дониста сироят кардаанд, кушода шудааст. Ин масъала яке аз мушкилиҳои ҷидди ҷомеа маҳсуб ёфта, зери назорати доимӣ қарор дорад."
Тибқи маълумотҳои омории Вазорати Тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар моҳҳои январ-декабри соли 2022-ум 1037 ҳолати сирояти ВНМО дар кишвар дарёфт ва ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2021 115 ҳолат зиёд мебошад.