arzon replenishment
10-нишонаи марди духтарбоз
1045

Ҳар як духтар орзу дорад, ки бо ишқу муҳаббат оила барпо намуда, риштаи тақдирашро бо марде пайвандад, ки як умр вафодор бимонад ва барои ӯ ҷонашро ҳам дареғ надорад, вале…
Мутаассифона, на ҳамеша рӯъёҳои мардон бо рӯъёҳои занон мувофиқат мекунанд. Мардҳо бештар ба ҳавасҳои лаҳзаина дода шуда, барои саргармии худ ба ин ё он зебосанам гап мепартоянд ва худро ошиқи зор вонамуд месозанд. Албатта дар байни намояндагони ҷинси зариф мардҳои содиқу вафодоре ёфт мешаванд, ки ба маънии томаш ошиқ шуда, барои зани дӯстдоштаашон ба ҳама кор қодиранд, аммо тақдир на ҳар духтарро бо чунин ҷавонмарди асил рӯ ба рӯ месозад. Барои он ки духтарон ба доми мардони ҳвасбоз афтида, дар интихоби бахт хато накунанд, мо дар бораи нишонаҳои асосии мардони булҳавасу духтарбоз каме маълумот медиҳем.

10-нишонаи марди булҳавас
1. Мард танҳо шаҳват мехоҳад, агар дар вохўрии аввалин зиёд васфи зебоиятонро намояд.

2. Дар хусуси худаш нақл накарда, ҳама чизро дар бораи зиндагии шумо фаҳмидан хоҳад.

3. Танҳо барои ба вохўрӣ даъват кардан ба шумо занг занад.

4. Бо аввалин фурсат оғўшкаширо сар кунад.

5. Дар ҳалли мушкилоти шумо иштирок намудан нахоҳад.

6. Марди дар ҳақиқат ошиқ вақти холияшро ба бонуи дӯстдоштааш бахшида, тез-тез паёмакҳои ошиқона мефиристад.

7.Диққат диҳед, ки ошиқатон ба дигар бонувон чӣ гуна менигарад. Марди дар ҳақиқат ошиқ ба занњои дигар наменигарад.

8. Марде, ки нияти ҷиддӣ дорад, бе сабаби узрнок вохўриро ба таъхир намегузорад. Аз вохўрии дўстонаш рў метобад, то лањзаяке бо азизи дилаш бошад.

9. Ҳангоми мулоқот диққат диҳед, ки ҷавон гапатонро бодиққат гўш мекунад ё не. Сухандон будани зан шарт нест, агар мард дар ҳақиқат дўст дорад, бодиққат ҳарфҳои азизи дилашро гўш мекунад.

10. Маќсади мард оила барпо кардан бошад, корро кашол надода, њатман ба хонаи дўстдоштааш хостгор мефиристад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД