Рамзи асосии Наврӯз суманак мебошад, ки онро сумалак низ мегӯянд. Ҳазорсолаҳо инҷониб бонувон бо пухтани ин таоми лазиз дар иди наврӯз хотири аҳли оила ва азизони худро шод месозанд. Суманак дар баробари бениҳоят бомазза буданаш ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад.
1. Суманак ҷисми инсонро аз витаминҳо саршор месозад
Оламон исбот кардаанд, ки дар таркиби майсаи гандум, ки сумалак аз он тайёр карда мешавад, 18-20 намуди аминокислотаҳо ва витаминҳои С, В1, В2,В3, В5, В6, РР, Е, F, ҳамчунин фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, манган, руҳ, молибден ва ғайра мавҷуданд, ки ба ҷисми инсон махсусан дар фаслибаҳор ниҳоят зарур мебошанд. Ба касоне, ки ба авитаминоз ва камхунӣ гирифтор ҳастанд, тавсия медиҳем, ки наврӯзиро пурсамар истифода бурда, бештар суманакхӯранд. Суманак хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин ёрӣ мерасонад.
Холестирин ва моддаҳои заҳрнокро аз организми инсон мебарорад. Клетчаткае, ки дар таркиби сабзаи гандум мавҷуд аст, барои ҳазм кардани ғизо кӯмак мерасонад. Пектинҳо бамикрофлораи рӯда таъсир расонида, токсинҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд.
2. Суманак – давои дисбактериоз, захми меъда ва ва санги талхадон
Моддаҳои муфиде, ки дар таркибисуманак вуҷуд доранд, барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон кӯмак мерасонанд. Ба гирифторони захми меъда низ суманак фоидадорад.
3. Суманак равғани баданро об мекунад
Ба шахсоне, ки мушкили фарбеҳӣ доранд, тавсия дода мешавад, ки дар фасли баҳор бештар суманаки дегӣ хӯранд. Истеъмолисуманак ба об шудани равғанҳои бадан мусоидат намуда, барои халос шудан аз вазни зиёдатӣ ёрӣ мерасонад.
4. Суманак иммунитети инсонро пурқувват месозад
Бо сабаби манбаъи витамин ваминералҳои ҳаётан муҳим буданаш суманак иммунитети инсонро пурқувват гардонида, барои бо бемориҳои сироятӣ муборизабурдани организм ёрӣ мерасонад.
5. Суманак - давои бемориҳои дил
Ба шахсоне, ки ба иллатҳои дил гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар фасли баҳор бештар суманак хӯранд,зеро ин таоми лазиз ба бемориҳои дилу рагҳо фоида дорад.
6. Суманак асабро ором месозад
Суманак натанҳо ба ҷисми инсон фоида дорад, балки истеъмоли ин ғизои бомазза табъро низ болида гардонида, баҳолатии рӯҳии шахс таъсири мусбӣ мерасонад. Суманак асабро ором месозад ва ҳамзамон барои одамоне, ки азбехобӣ азият мекашанд, фоиданок буда, хоби бароҳати шахсро таъмин менамояд.
7. Суманак нури чашмро равшан мекунад
Ба шахсоне, ки биноии чашмонашонсуст гаштааст, бештар суманак хӯрданро тавсия медиҳем, зеро ин ғизои лазиз қувваи босираро қавӣ гардонида, нури чашмро равшан месозад.
8. Суманак касалии саратонро пешгирӣ менамояд
Олимон бар он назаранд, ки моддаҳои муфиди дар таркиби шираи аз сабзаи гандум ҳосилшуда мавҷуд буда, ки суманак аз он тайёр карда мешавад, барои пешгирии бемориисаратон ёрӣ мерасонанд.
9. Суманак мӯйи сарро дароз карда, касро ҷавону зебо месозад
Суманак натанҳо барои саломатӣ, балки барои зебоии зоҳирии инсон низмуҳим аст. Исбот шудааст, ки ин таоми болаззати баҳорӣ ба сабзиши решаҳои мӯй мусоидат мекунад. Суманак мӯйи сарро дароз карда, ба пӯсти рӯй таровати тозамебахшад.
Хуллас, суманак ба ҷавон шудани ҳуҷайраҳои бадан ёрӣ расонида, пирии бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Ҷавон монданхоҳед, беҳтар суманак хӯред.
Суманакро бо чӣ хӯрдан мумкин нест?
Аммо суманакро бо ҳар хел хӯрокҳои дигар омехта кардан боиси сар задани баъзе мушкилиҳои саломатӣ гашта метавонад. Дар ёд дошта бошед, ки суманакро бо ин чизҳо хӯрдан мумкин нест:
1. Хӯрокҳои серравған
2. Хӯрокҳои сахти хамирӣ
3. Гӯштбирён,махсусан бо гӯшти гусфанд
4. Истеъмоли гӯшти моҳӣ, баъди хӯрдани суманак
5. Нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ
Дар сурати бо хӯрданиҳои дар боло номбаршуда омехта кардани суманак ҳолати кас бад шуда, дилбеҳузурӣ, қайдкунӣ ва дамиши шикам бавуҷуд омада метавонад. Барои пешгирии ин мушкилиҳо суманакро ба танҳоӣ истеъмол карда, баъди хӯрдани ин ғизои лазиз ақаллан ду-се соат аз хӯрдани дигар хӯрокҳохуддорӣ намоед.
Ф. САТТОРӢ