Салом! Ман модар ҳастам ва дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат пурсиданиам. Ду духтар дорам, яке 17-сола ва дигарӣ 14-сола буда, мудом Фанта, Кола, Спрайт ва ба ҳамин монанд нӯшоникоҳои газнок менӯшанд. Сад бор онҳоро насиҳат карда, мегӯям, ки обҳои газнок ба саломатӣ зарар доранд, беҳтараш чой нӯшед, вале духтарҳоям хафа шуда, фикр мекунанд, ки ман танҳо барои қимат будани чунин обҳо онҳоро ба нӯшидани чой ва оби одӣ талқин мекунам. Илтимос, дар бораи фоида ва зарари обҳои газнок ва чой маълумот диҳед.
МАРЗИЯ, шаҳри Душанбе
- Мардуми тоҷик нӯшидани чой, бахусус чойи кабудро дӯст медоранд ва аз нӯшидани он лаззат мебаранд. Чойнӯшӣ барои мо, тоҷикон макон ва вақту соати муайян надорад: дар хона, дар ҷойи кор, субҳ, шом, нисфирӯзӣ, шабу нимашаб, пеш аз таом, баъд аз таом, ҳангоми хӯрдани таом чой менӯшем. Солҳои охир бошад, ба чойи сиёҳу кабуд нӯшокиҳои гуногуни рангкардашуда зам гаштаанд ва акнун рӯйи дастархони моро фантаю кола, спрайту лимонад ва дигар нӯшобаҳо оро медиҳанд.
Кадоме аз ин нӯшокиҳо фоида доранду кадомаш зарар?
Тадқиқотҳои олимон исбот намудаанд, ки обҳои рангкардашуда ба саломатии инсон ягон зарра фоида надоранд ва ҳатто ташнагиро намешикананд. Гап дар сари он аст, ки обҳои газноки рангкардашуда дар таркибашон ширинии зиёд доранд, ширинӣ бошад, сарчашмаи бисёр бемориҳост.
Тақрибан 70 дарсади ҷисми одамизодро об ташкил медиҳад. Тамоми фаъолияти организми инсон-нафаскашӣ, гардиши хун, гувориши ѓизо, табодули моддаҳо, нигоҳ доштани тавозуни гармӣ, ихроҷи моддаҳои нодаркор ва ғайра маҳз тавассути об сурат мегирад. Камоб шудани ҷисм боиси номуътадил гаштани фаъолияти он мешавад. Табибоне, ки хосиятҳои шифобахшии обро тадқиқу таҳқиқ кардаанд, ба хулоса омадаанд, ки аслу бунёди бисёр бемориҳои музмин (куҳна) маҳз дар камобии бадан аст.
Дар як рӯз чӣ қадар об нӯшидан лозим аст?
Аслан одами солим дар давоми рӯз бояд аз 2 то 3 литр обу чой бинӯшад. Маъмулан одамони солхӯрда ба хотири ташвиши зиёд накашидан хеле кам об менӯшанд, ин ба саломатӣ сахт зарар дорад. Кам нӯшидани об тадриҷан боиси ғафс ва ғализ шудани хун гашта, дар натиҷа кори дилро мушкил месозад. Дил хуни ғафсшударо бисёр ба душворӣ қабул мекунад.
Манфиатҳои чой
Акнун дар бораи манфиатҳои чой каме ба шумо маълумот медиҳем. Чойи кабуд нӯшокии беназир буда, хусусиятҳои зиёде табобатӣ дорад.
1. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ моддаҳои фаъоли биологӣ хеле фаровон буда, хосияти зиддимикробӣ ва зиддиомосӣ доранд: капиллярҳо –рагҳои мӯякиро қавӣ месозанд, хунофариро муназзам мегардонанд.
2. Дар ҳавои гарм ҳеҷ нӯшокие наметавонад чойи кабудро иваз намояд. Чойи кабуд боиси рехтани арақ гашта, сӯрохчаҳои пӯстро пок месозад.
3. Чойи кабуд ба мубодилаи оксиген, обу намак таъсири муфид расонида, сатҳи холестеринро дар хун паст менамояд.
4. Онҳое, ки бештар чойи кабуд менӯшанд, имкони аз халалёбии мубодилаи моддаҳо, ки сарчашмаи бисёр бемориҳост, раҳоӣ ёфтанро доранд.
5. Чойи кабуд барои одамоне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, айни муддао буда, фишори хунро паст мекунад.
6. Ҳангоми исҳоли хунин нӯшидани чой муфид аст.
7. Чойи кабуд пайдошавии санги масонаю гурдаро пешгирӣ менамояд.
8. Нӯшидани чойи кабуд ба гирифторони бемориҳои ҷигар тавсия дода мешавад.
9. Чойи кабуд раванди пиршавии ҷисмро боз медорад. Таъсири ҷавонкуннадаи он аз витамини Е 10 баробар бештар аст.
10. Чойи кабуд хосияти зиддисаратонӣ дошта, пайдоиши ҳуҷайраҳои саратониро пешгирӣ мекунад. Дар Пажӯҳишгоҳи бемориҳои саратони Хитой хосиятҳои зиддисаратонии 108 алафу гиёҳҳоро таҳқиқ карда, ба натиҷае расиданд, ки таъсири чойи кабуд аз дигар алафу гиёҳҳо чандин маротиба афзунтар аст. Донишмандони Ҷопон муддати се сол дар байни одамони аз 65-сола боло пурсиш гузарониданд. Баъди омӯзишу таҳлили далелҳо муайян гашт, ки одамони мунтазам чойи кабуд менӯшида нисбатан фаъолу серҳаракатанд.
Аммо чойи кабудро бояд ба андозаи муайян нӯшид, бисёр нӯшидани он безарар нест.