goodwell
Се нафар бо гумони ҳамла ба марди 28-сола дастгир шуданд
19.10.2026
Оила
72

Се нафар бо гумони ҳамла ба марди 28-сола дастгир шуданд
Се нафар — Равшан Исломов, Шерзод Исломов ва Фарҳод Имомов бо гумони авбошӣ ва ҳамла ба сокини 28-солаи Душанбе боздошт шудаанд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 17 -уми октябри соли 2026 рух додааст. Гуфта мешавад, ки миёни гумонбарон ва Ҳалимбой Қуватов муноқиша сар зада, баъдан ӯро ба ҳудуди канори боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бурдаанд.
Тибқи маълумоти мақомоти милитсия, дар он ҷо Равшан Исломов бо корд чанд маротиба ба қисматҳои гуногуни бадани Қуватов зарба зада, ӯро маҷруҳ кардааст.
Пас аз ҳодиса гумонбарон ба яке аз кишварҳои ҳамсоя фирор кардаанд. Бо мусоидати ҳамкории байнидавлатӣ онҳо боздошт ва ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.
Мақомоти милитсия ҳамчунин хабар додаанд, ки Равшан Исломов қаблан низ барои содир кардани ҷинояти мушобеҳ суд шудааст.
Ҷузъиёти дигари ҳодиса ва вазъи кунунии ҷабрдида то ҳол маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД