arzon replenishment
ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА СИРРУ АСРОРАШРО ФОШ КАРД
1535

 

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 27-солаи тоҷик рӯзҳои сахти кӯдакиашро ба ёд оварда, сирри муваффақияташро ошкор кард.

Наворе, ки овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст, аз дирӯзу имрӯзи ӯ қисса мекунад. “Вақте кӯдакони ҳамсинну соли ман дар оғӯши гарми падару модар ба воя мерасиданд, падарам аз мо хеле дур буданду модарамро низ кам медидем, чун аксар вақт дар кор буданду мардонавор заҳмат мекашиданд. Ман мисли кӯдакони дигар ба боғча нарафтаам, бо муҳаббату дӯстдории волидон ба мактаб гусел нашудаам, вале аз ҳамон айём дарси калони зиндагиро барои худ касб кардам, ки барои камтарин кор заҳматҳои бузург бояд анҷом дод, чун аз он замон аллакай медонистам, ки барои чизеро ба даст овардан, бояд хеле талош кунӣ ва ҳамин хел, зиндагиро муборизаву худамро мубориз дарёфтам”,-нақл мекунад овозхон. Зулайхо мегӯяд, маҳз орзуҳояш сабаб шуданд, ки ӯ то ин зинаҳо бирасад. “Агар бигӯед, ки ба он кӯдаки дар чашми одамон назарногир чӣ кӯмак мекард, мегӯям, аввал Худову баъдан орзуҳои бузургам, рӯъёҳои зебоям кӯмакам карданд, то ба ин ҷо бирасам”. Дар охир Зулайхо ба устодаш Манижа Давлатова ба хотири заҳматҳояш миннатдорӣ баён менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД