Sebiston new 2024 october
Зулайхо киро оиладор кард?
2724

Мегӯянд, ки ҳафтаи гузашта бонуи ҳунарманд Зулайхо Маҳмадшоева бародари дуюмашро оиладор кардааст. Дар чанд навори видеоӣ, ки аз маҳфили бахт дар шабакаҳо паҳн гардид, ғайри Шабнаму Фарзона дигар ҳунармандонро надидем. Гӯё бародари Зулайхо аз расонаӣ гаштани аксу наворҳои тӯяш ба касе иҷозат надодааст. Хоҳишмандам ба ин саволи ман посух диҳед.

Тахмина, аз шаҳри Душанбе

Ба ҷои Зулайхо гӯширо продюсераш Бахтовари Ҷамшед бардошта, аз муҳтавои саволи мо ҳайрон шуда гуфт:

“Кадом тӯй? Тӯйи кӣ? Бовар кунед, ин гапро бори аввал мефаҳмам. Тӯйи як бародари Зулайхо панҷ сол пеш ва аз бародари хурдияш тақрибан як сол қабл баргузор шуда буд. Ман ҳайронам, ки ин овозаҳои дурӯғро кӣ мебофта бошад. Чанде қабл бону Зулайхо ва Шабнаму Фарзона ҳамроҳ дар як базми арӯсӣ ширкат доштанду суруди “Оста буро”-и Фарзонаи Хуршедро сенафара ҳамовозӣ карданд. Шояд мухлисон ҳамин наворҳоро дида, ба чунин хулоса омада бошанд. Аз мухлисони Зулайхобону хоҳиш мекунам, ба ин овоза бовар накунанд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД