Дар ҳошияи нишасти V-уми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулот ва колои миллии “ЭКСПО Осиёи Марказӣ 2023” баргузор шуд.
ZET-MOBILE дар якҷоягӣ бо Huawei имкониятҳои шабакаи 5G-ро намоиш доданд.
Ширкатҳо озмоиши кушодаи суръати 5G-ро анҷом доданд, ки дар ҷараёни он баландтарин сатҳи интиқоли маълумот ба 1,3 Гбит/сония расид.
Ҳама меҳмонони чорабинӣ имкон доштанд, ки ба қобилияти баланди алоқаи мобилии насли панҷум баҳогузорӣ намоянд. Ин намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд.
Ҳадаф аз он муаррифии маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкории тиҷоратии мамлакатҳои Осиёи Миёна аст.
Қобили зикр аст, ки ZET-MOBILE санҷиши хизматрасонии мукаммали 5G-ро дар соли 2021 анҷом дод. Алоқаҳои насли панҷум дар масири протоколӣ дар шаҳри Душанбе, дар маркази шаҳри Хуҷанд ва маркази шаҳри Бохтар дастрасанд.