Рӯзи 9-январ тариқи пахши мустақим аз “Телевизиони Сафина” бозии “Чархи иқбол” баргузор гашт, ки дар он туҳфаҳои зиёд аз ҷумла смартфон, ноутбук, телевизор ва туҳфаҳои олиҷаноби хеле қимматбаҳо-3 адад электромобил ва хонаи нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе, ки масоҳаташ 50 метри квадратиро ташкил медиҳад, ба бозӣ гузошта шуда буданд.
Дар ин аксия тамоми муштариёни ширкати ZET-MOBILE бидуни ягон мамоният ҳуқуқи ширкат карданро доштанд. Шарти ягонаи бозӣ харидани ID буд, ки ҳамагӣ 2.5 сомонӣ арзиш дошт. Ғолибон бо кӯмаки лототрон муайян карда шуда, бозӣ ниҳоят шаффоф гузашт.
Ҳамин тавр супер-туҳфаҳо-3 электромобил насиби сокинони шаҳри Душанбе-Сафаров Умаралӣ, Зиёев Ҷамолиддин ва Абдуллоев Саидмуҳаммад гашта, сокини ноҳияи Мӯминободи вилояти Хатлон Саидов Сайдаҳмад хонаи нави замонавиро дар шаҳри Душанбе бурд кард, ки масоҳаташ 50 метри квадратӣ мебошад.
«Аллакай муддати 4 сол мешавад, ки ман пайваста дар бозии “Чархи иқбол” иштирок мекунам ва ҳар сол 100- 200 ID мехарам. Имсол ҳамагӣ 47 ID харида будам, вале бахт ба рӯям хандида, соҳиби хонаи нави замонавӣ гаштам. Бисёр хурсандам, ки дар ин бозӣ ширкат варзидам”-гуфтааст Сайдаҳмад Саидов, марди хушбахте, ки туфайли “Чархи иқбол” соҳиби хона гашт.
Маросими тантанавии қадрдонии ғолибони “Чархи иқбол” дар идораи марказии ZET-MOBILE дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, директори генералии ширкат ба ғолибони хушбахти ин бозӣ туҳфаҳоро супурд.