sebiston july new
«Зебосанами Туркия» ба футболбози «Арсенал» духтарча ҳадя кард
1829

Масъуд Озил, ниммуҳофизатгари дастаи «Арсенал»-и Англия, қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол (2014) дар ҳайати Тими мунтахаби Олмон ва ҳамсараш Амина Гулше, ҳунарпешаи синамо, модел ва «Зебосанами Туркия-2014» нахустфарзанди худро ба даст гирифтанд.

Дар ин бора футболбоз бо нашри расми оилавие дар саҳифаи Твиттери худ иттилоъ додааст. Ситораҳо ба қароре омадаанд, ки духтарчаи нахустинашонро Эда номгузорӣ кунанд. «Худоро шукр, ки духтарчаи мо Эда сиҳату саломат ба дунё омад»,-навиштааст, Масъуд дар саҳифаи Твиттераш. Масъуд ва Амина баъди ду соли вохӯриҳо ва муносибатҳои ошиқона, ниҳоят санаи 7-уми июни соли 2019 дар шаҳри Истанбул бо иштироки Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳамсараш издивоҷ карда буданд.


Ҷӯраи шавҳару любовники зан


Инак, бо гузашти даҳ моҳ нахли умри ситораҳо бор овард ва хурсандии ин оилаи ҷавонро ҳадду канор нест. Масъуд Озил 15-уми октябри соли 1988 дар шаҳри Гелзенкирхени Олмон ба дунё омадааст. Падару модари футболбоз зодагони шаҳри Зонгулдаки Туркия будаанд, ки баъдтар ба Олмон кӯчидаанд ва Масъуд ҳамон ҷо таваллуд шудааст. Ҳамсараш Амина Гулше зодаи Шведсия мебошад. Ӯ 30-юми апрели соли 1993 дар шаҳри Гётеборг ба дунё омадааст. Модари Амина аз Измири Туркия ва падараш аз тоторҳои Русия будаанд. Амина дар Шведсия ба дунё омадаву бузург шудааст, вале айни ҳол дар Туркия зиндагӣ ва ба ҳайси моделу ҳунарпеша фаъолият дорад. Масъуд то соли 2021 бо маблағи 22 миллион евро бо дастаи «Арсенал» шартнома бастааст. Ӯ қисми зиёди маблағи бадастовардаашро барои ҷарроҳии кӯдакон аз оилаҳои камбизоат масраф мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД