Formula novemver 2024
ЗАНҲОИ ДОДАРАМ МАРО АЗ ХОНА РОНДАНД
4534


Вазнинтарин ҳолат барои зан аз шавҳар ҷудо шуда, дубора ба хонаи падар баргаштан аст. Инро мани сарсахт аз таҷрибаи талхи зиндагии худам мегӯям. Вақте духтари сияҳбахтшуда ба хонаи падар бармегардад, янгаҳо бисёр нороҳат шуда, кӯшиш мекунанд, ки бо гапҳои нешдор ба дили бе ин ҳам хунгаштаи хоҳаршӯй ханҷар зананд. Аз як тараф заҳри забони келинҳо, аз тарафи дигар ҳар замон “дада, дада...”гуфтани фарзандони зиндаятим гаштаам дили маро хун месозад...

Гулбаҳор ин гапҳоро гуфта ашки талх мерехт. Ниқоби дар рӯяш кашида аз оби дидааш тар шуда, рангашро иваз кард. Шамсия дугонаашро дилбардорӣ карда “зиқ нашав, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд..” мегуфт, аммо тарк мекард, ки шоми тираи рӯзгори Гулбаҳор ба зудӣ саҳар нахоҳад шуд...

Гулбаҳору Шамсия шиноси кӯҳна буданд ва ҳарду дар бозор савдо мекарданд. Зиндагии Шамсия нисбати Гулбаҳор хубтар буда, як ҳавличаи 3 хонадор дошт. Ба назди Шамсия омадани Гулбаҳор ҳам беҳуда набуд, дар авҷи коронавирус янгаҳояш ӯро аз хона пеш карданд ва ин ҷавонзани сиёҳбахти бетақдир ба куҷо рафтанашро намедонист.

Мардум сахт дар таҳлука афтода буданд, зеро ҳар рӯз ягон хабари пурҳангомаи ба коронавирус гирифтор шудани ин ё он касба гӯш мерасид. Аксари ин хабарҳо дурӯғ бошанд ҳам, мардуми тоҷик тариқи телевизион ва интернет ҳар рӯз марги ҳазорон-ҳазор одамонро дар гӯшаву канорҳои гуногуни дида, ончунон ба воҳима афтода буданд, ки ҳар кӣ ҳар чӣ гӯяд, бовар мекарданд. Ҳамон шабу рӯзҳо одам ба зӯкоми оддӣ гирифтор шавад ҳам, ҳама атрофиёнаш аз ӯ ҳазар карда, мегурехтанд. Тақдири Гулбаҳор низ айнан чунин шуд...

Як рӯз Гулбаҳор аз бозор бо табби баланд баргашт. Ин ҳолати ӯро дида ба янгаҳояш худо дод, зеро онҳо пештар ҳам ӯро бо қошу қавоқи овезон истиқбол гиирифта, таъкид мекарданд, ки бозоршиниро бас кунад, вагарна ягон рӯз аз ҳамон бозори зормондааш ягон балоро оварда, онҳоро е аҷал мекушад.

-Ҳей Гулӣ, бас будагист, охир, аз ҳамон бозори ту ба мо чи фоида?! Ягон рӯз вирус оварда, ҳамаамонро ба бало гирифтор мекунӣ. Худат ҳам дар диламон задию ҳамон бозорат ҳам,-норзиёна ғурбат мекарданд янгаҳояш, вале Гулӣ гӯшашро ба карӣ зада, чунон вонамуд мекард, ки гапҳои онҳоро тамоман намешунавад.

Бародарон ва янгаҳояш аз ин “нописандӣ”-и Гӯлӣ сахт ба ғазаб омада, дар наздаш шарт гузоштанд, ки бозоршиниро бас кунад, вагарна худо накарда, ба ин касалӣ гирифтор шавад, ҳатто хтири фарзандпадарӣ ҳам накарда, ӯро аз дар берун мекунанд, чунки аз рӯйи вай шуда, ҳамаашон бе аҷал мурдан намехоҳанд.

Гулӣ худаш медонист, ки бозоршинӣ дар ҳақиқат хатарнок аст, вале илоҷи дигар надошт. Шавҳараш талоқи ӯро дода буд ва ҷавонзан бояд илҷе карда, зиндагии худ ва фарзандонашро пеш мебурд. Азбаски савод ва касбу ҳунар надошт, ягона роҳи кашидани аробаи зиндагӣ барои Гулӣ ин бозоршинӣ буд, вале ҳаомн рӯзи наҳс якбора таббаш баланд шуд. Гулӣ ба ташвиш афтида ба назди духтури шиносаш рафт. Табиб шушҳояшро гӯш кард, гулӯяшро дид ва бо боварии комил гуфт, ки ягон ҷойи хавотирӣ нест, шушҳяш тозаанд, фақат гулӯяш каме сурх шудааст. Оби хунук нанӯшад ва дорӯҳои фармудаашро сари вақт бигирад, дар бадали ду-се рӯз сип-сиҳат мешавад, вале...

Бегоҳ бо хона баргашту қиёмат гӯё қоим шуд. Янгаҳояш рӯи бар асари таб сурхшудаашро дидаа ба таҳлука афтоданд ва пеши роҳи Гулиро дшта гуфтанд:

-Поятро аз дарвоза дарун намемнӣ!
Мо мад бор ба ту гуфтем, ки бозоршиниро бас кун, вале гапамнро ба як пули пучак ҳам нагирифтӣ. Дидӣ, оқибаташ чӣ шуд?! Аз рангу рӯят маълум, ки коронавирус шудаӣ, аз дар надаро, ки ҳамаамонро ба ин бало гирифтор карда, бе аҷал мекушӣ...

-Ман каронавирус паронавирус нестам, ҳозир аз назди духтур омадам. Гуфт, ки оби хунук нӯшида, гулӯдард шудаӣ-Гулӣ инро гуфта, янгаҳояшро як сӯ тела дод ва вориди ҳавлӣ гашт, аммо занҳои додаронаш мисли ду деви бадҳайбат аз китфаш гирифта, кашолакунон ӯро дубора ба кӯча бароварданд ва дод -Беваи хонасӯхта!

Бо ду сағара дарди сари мо шуданат кам буд, ки боз вирус оварда, моро бо шавҳару фарзандонамон ба ин дарди бевдаво гирифтор кардан мехоҳӣ?! Аз ин ҷо дафъ шав, набошад ҳарду пятро зада мешиканем...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД