Sebiston new 2024 october
ЗАНИ ХУРӮС БОШУ БЕВАИ ДИЁР НЕ(ҚИСМИ 2)
27.07.2021
ДИЛОШӮБ
4906

  ДАВОМАШ...  

 Бахти беназир

Дар қади Саодат фарзанд шуду шодию канори пайвандонашро интиҳо набуд. Муҳаббат ҳар бегоҳ ба хонаи ҳевар-қудояш омада, кору бори хонаро ба авсунаш ёрдам медод, ки духтаракам хаста шуда меояду дуҷон аст.

Холаи Зарафшон аз ин кори қудояш, ки мисли хоҳараш меҳрубон буд, завқ мебурду мегуфт:

-Муаллима, Худо ҳама корро баробар мекардааст да… Ҳангоме, ки арӯс шуда омадӣ, корам сабук мешавад гуфта, шодмонӣ мекардам, аммо ту тамоми рӯз дар мактаб будию кору бор дар гардани ман. Баъзан ба дилам зуқ-зуқ мекардам, ки кошкӣ мехондам, баҳона карда мегаштам дар ҷойи корам…. Муҳаббат бо ханда мегуфт, ки хайр акнун сари пириҳо қасдатро гир, авсун да… Саодат ба рухсатии ҳомиладорӣ баромад, модараш дар танҳоӣ мепурсид, ки тифли батнаш писар аст ё духтар, аммо ӯ бо ханда мегуфт, ки намедонам. Саодат мехост ба волидони ташнаи фарзандаш сюрприз кунад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, ӯ ду шоҳписар Шамсу Қамарашро ба дунё оварда, сари волидонашро ба осмон расонид. Бибиву бобо гирди ду писар парвона буданд, гоҳ мегиристанд, гоҳи дигар механдиданд…

Нуриддин баъди яксола шудани писаронаш маош кам гӯён, ба Русия рафт, мехост пул кор карда, хона созад. Мурод ними заминашро ба домоду духтараш бахшид, ки хоҳед, омада ҳамин ҷо хона созед, аммо…

        Рӯймоли бевагӣ

Баъди чор моҳи сафараш Нуриддин аз баландии хонаи навсохте афтида, ҳалок шуд, чун тобути ӯро ба деҳа оварданд, замину осмон барои ин ҷавонмарди зебову ормонӣ хун мегирист. Кӯдаконаш намедонистанд дар дунё чӣ гап аст. Вақти бардоштани тобут Саодат худашро ба зӯр кашола карда, аз гӯшаи он дошт. Ин маънои онро дошт, ки ҷавонзани ноком дуҷон аст…

Баъди гузаштани муҳлати ҳомиладорӣ Саодат ду духтари заркокул таваллуд кард, аммо шодии пайвандон ин дафъа пурнолаву шеван буду бӯйи хун мекард. Инак, Шамсу Қамар даҳсола ва Шаҳлову Шифо ҳаштсола шудаанд, вале Саодат рӯймоли азогияшро аз сар намекашад. Мардони зиёде бо ӯ ба ҳавас менигаранд, ҳатто мешунавад, ки баъзе занҳои ҷаккок “бева шӯ кунад, шавҳарҳои моро сӯзонда мегардад”, мегуфтаанд. Баъди марги Нуриддин ӯ ба хонаи падараш баргашт, писарони амакаш дастҷамъона хонаҳои кӯҳнаашонро канда, барои ӯ хонаҳои дуошёнаи барҳавое сохтаанд. Худаш шабу рӯз кор мекунад то кӯдаконаш ба чизе мӯҳтоҷ набошанд, дар зинаҳои мансаб ҳам боло рафтаасту дар ноҳия ҳурмату эҳтироми зиёд дорад. Аммо дилаш чун шоми зимистонӣ сип-сиёҳ аст, чун субҳ аз хоб мехезад, аламҳояш рӯ мезананд, вале ба зӯр чеҳраашро сохта, ба кор меравад. Дирӯз пиразани ҳамсоя то дер ҳамроҳи модараш гап заду дар охир ба ӯ нигариста гуфт:

-Э Саодати ҷон, нав сивупанҷсолаӣ, то ба кай номи бевагиро бардошта мегардӣ? Беҳуда нагуфтаанд «Зани хӯрус бошу беваи диёр не», агар гапи маро гирӣ, шавҳар кун…

Саодат гапро ба шӯхӣ бурда, аз назди кампиракон хест, аммо дар дилаш кампири ҳамсояро мазаммат кард, ки “корат чӣ, бева шуда, ба хонаи ту гадоӣ рафтам?!”

Зиндагии якранги бонуи зебову ҳунарманд идома дорад, шумо чӣ мегӯед хонандагони азиз? Саодат зиндагияшро таѓйир бидиҳад ё не? ӯ низ қиссаи ҳаёти талхашро ба ман нақл карда, шояд ҳамин ҷавобро мехост шунавад… Ростӣ, намедонам…

                                                                      

 АНҶОМАШ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД