Formula novemver 2024
ЗАНИ ХУРӮС БОШУ БЕВАИ ДИЁР НЕ(ҚИСМИ 1)
26.07.2021
ДИЛОШӮБ
4658

 

Саодат ин саҳар ҳам аз хоб бо табъи хира хест. Аз рӯзе, ки ҷасади ҳамсари номуродашро аз Русия оварданду ӯ рӯймоли сиёҳи бевазаниро дар сараш андохт, ин падида ҷараён дорад.

Шаб бо гиря хоб мераваду субҳ бо табъи хира аз ҷой бармехезад, зиндагияш маънӣ надорад. Шукри Худо аз чизе танқисӣ намекашад, вале гапи мардум мехӯрадаш…

    Ноздона

Саодат дар хонаашон яккадухтар аст, падару модараш аз рӯйи муҳаббати бузург ба ҳамдигар хонадор шуданду баъди ҳафт соли интизорӣ соҳиби духтарчаи нозанине гаштанд. Волидонаш омӯзгоранд, ҳарчанд баъди Саодат соҳиби фарзанди дигар нашуда бошанд ҳам, шукронаи ноздонаашон карда, умрашонро сарфи ӯ карданд. Бибию бобои падарияш ҳамеша писарашонро насиҳат мекарданд, ки ақаллан аз занаш пинҳонӣ зан гирифта, соҳиби як ё ду фарзанди дигар шавад, аммо муаллими Мурод як тора мӯйи Муҳаббати нозанинашро бо зани дигар иваз карданӣ набуд. Оҳиста- оҳиста волидони пираш ба тақдир тан доданду дигар писарашонро насиҳат намекарданд. Саодат бо ақлу заковат, либоспӯшӣ ва ҳунармандияш алаккай дар даҳ-дувоздаҳсолагияш аз ҳамсолонаш фарқ дошт. ӯ оҳиста-оҳиста қад кашида, зебо мешуду овозаи ҳусну ҳунармандияш овоза мешуд. Муроду Муҳаббат духтарашонро барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ тайёр мекарданд ва меҳнаташон барабас нарафт. Саодат бо дониши худаш шомили Донишгоҳи тиббӣ гашт. Пеш аз дарсҳо падару модараш ӯро наздашон шинонида, насиҳат карданд, ки дар шаҳр саратро паст гирифта гард. Ҳаргиз ҳаваси дар шаҳр монданро накун, ту бояд ба деҳа баргашта, ба мардуми ноҳияи худамон хизмат намоӣ ва аз миёни хешу табор шавҳаратро интихоб намуда, оила барпо намоӣ…

     Домоди худӣ

Саодат насиҳати волидонашро ба гӯшаш ҳалқа карда, ҳангоми ҳафт соли таҳсил дар пойтахт ба рӯйи касе нигоҳ накард. Ҳушу ёдаш ба хондан буд, ин ҳама заҳматҳои шабонарӯзияш самари зиёд оварданду донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, ба деҳа баргашт. Аз байни ҳамсабақонаш хостгорони зиёде омаданд ба деҳа, аммо падараш ба онҳо ҷавоби рад дод. Саодат дар беморхонаи маркази ноҳия духтури занона шуда, ба кор даромад ва хостгорон шабу рӯз ба хонаашон меомаданд. Падараш касеро мунтазир будагӣ барин, не мегуфт, Саодат парвои ин ҳама надошт, зеро инони ихтиёри умрашро ба дасти волидон дода буду ба онҳо боварӣ дошт. Бовар дошт, ки волидонаш ҳаргиз ӯро ба каси бад бароварда намедиҳанд. Хостгори худӣ ҳам пайдо гашт, писари амакаш Нуриддин, ки Академияи милисаро хатм карда, ба ноҳия баргашта буд. Нуриддин аз Саодат ду сол калон буд. ӯ баъди хатми мактаб чанд сол дар Русия кор карда, баъд ба Академия дохил шуда буд. Ҳангоми дар Душанбе буданаш гоҳ-гоҳ ба хабаргирии амакдухтараш мерафт, вале ҳеҷ гоҳ гапи онҳо аз атрофи хонаву дару хешу табор дур нарафта буд. Нуриддин ҷавони зебо бошад ҳам, ба Саодат маъқул набуд ва ӯро мисли бародараш медонист, вале чун дигар духтарони дар оилаҳои анъанавӣ калоншуда ба рӯйи падараш давидаву ба чашмони ӯ нигариста, чизе гуфта натавонист…

    Зиндагии нав

Падараш як бародару ду хоҳар дошт ва Саодатро насиҳат кард, ки коре накунӣ, ки маро бо як бародарам хафаю хиҷил намоӣ. Бибию бобояш кайҳо аз дунё гузашта буданд, амакаш ки чор писар дошту духтар не, Саодатро мисли духтараш дӯст медошт. Баъдтар аз забони модараш фаҳмид, ки амакаш мехостаст, ки Нуриддин ба додараш на домод, балки писар бошад. Модараш низ писарони амакашро чун фарзандони худаш дӯст дошта, азиз мекард, Нуриддин писари сеюми оила буд ва ду акои дигараш рӯзгорашонро ҷудо карда буданд. Аз рӯйи гуфти модараш, баъди зан гирифтани писари кенҷаи хонадон Нуриддину Саодат ба хонаи онҳо бояд мекӯчидаанд. Падару модараш тӯйи бошукӯҳе ороста, ӯро ба хонаи бахташ гусел намуданд, Саодат дар хонаи амакаш худро бегона эҳсос намекард. Янгаи меҳрубонаш ба вай мисли модар муносибат мекарду дар бораи дӯстдориҳои амакаш бошад, ҳоҷати гап ҳам набуд. Нуриддин низ ба кор даромад, акнун зану шавҳар субҳ аз хона баромада, бегоҳ медаромаданд, аммо Саодат кӯшиш мекард, ки фурсат ёфта, тамоми кори хонаро иҷро кунад. Маошашро оварда, ба дасти амакаш медод, баъзан амакаш онро баргардонида, мегуфт:

-Ту зани коргарӣ, бачам, барои худат либоси дилхоҳатро бихар.

Оҳиста-оҳиста шавҳарашро ошиқона дӯст дошт ва аз зиндагияш хурсанд буд Саодат, падару модарашон низ аз бахти яккадухтарашон меболиданд…

     ДАВОМ ДОРАД...                                                               

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД