...Баъди гузаштани муҳлати ҳомиладорӣ, Саодат ду духтари заркокул таваллуд кард, аммо шодии пайвандон ин дафъа пурнолаву шеван буду бӯи хун мекард.
Инак, Шамсу Қамар даҳсола ва Шаҳлову Шифо ҳаштсола шудаанд, вале Саодат рӯймоли азогияшро аз сар намекашад. Мардони зиёде ба ӯ ба ҳавас менигаранд, ҳатто мешунавад, ки баъзе занҳои ҷаккок “бева шӯ кунад, шавҳарҳои моро сӯзонда мегардад”, мегуфтаанд. Баъди марги Нуриддин, ӯ ба хонаи падараш баргашт, писарони амакаш дастҷамъона хонаҳои кӯҳнаашонро канда, барои ӯ хонаи дуошёнаи барҳавое сохтаанд...
Шабнаму Абдурозиқ соҳиби “як миллион”-ӣ шуданд
...Овозхон ба муносибати ба 1 миллион расидани сафи обуначиёнаш чорабинии хосае ташкил накарда, ҳатто ба мухлисону ҳаводорон ва обуначиёнаш миннатдорӣ баён накардааст. Баъди Шабнами Сурайё, Абдурозиқ Эгамов, овозхон ва блогери 18-солаи тоҷик, дувумин нафар мебошад, ки аз ин ба баъд ӯро низ дар шабакаи “Instagram” зиёда аз 1 миллион нафар пайгирӣ мекунанд. Абдурозиқ баръакси Шабнам, ба мухлисонаш изҳори миннатдорӣ кардааст. “Алҳамдулиллоҳ, имрӯз мо 1 миллион шудем. Барои ҳамааш раҳмат. Раҳмат, ки маро ҳамавақт ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунед”,-навиштааст ӯ...
Дар доми зани сабукпо
...Оромии ин хонадон дер давом накард. Салимаи берӯ ҳар рӯз гапу калоча карда мегашт ин оиларо. Билохира, як рӯзи истироҳати якшанбе ба сари Фарида омад. Ҳавлиро ба сараш бардошта, “ту Субҳонро ҷоду карда, аз ман ҷудо кардӣ” гӯён, ҷанҷол бардошт.
-Субҳон шавҳари ман, наход ту омада, чунин даъвои беасос кунӣ, фоҳиша, - гӯён, Фарида Салимаро ронданӣ шуд. Салима аз рӯйи ғазаб корде, ки дар рӯйи кат меистод, гирифту ба Фарида ҳамла кард ва 4-5 маротиба ба бадани ӯ теғ зад. Кампири Роҳила вақте ҷангу ҷангҷолро шунида, аз хонаи ҳамсоя расид, дер шуда буд...
Чаро мӯи сар мерезад?
...Дар асл хӯрок ҳеҷ гоҳ боиси рехтани мӯйи сар намешавад. Зан ҳамарӯза хӯроки сафедадор ва аз витамину микроэлеменҳо бойро истеъмол накунад, мушкилоти мӯй пеш меояд, вале кор то ба калшавӣ намерасад. Зан парҳезро риоя кунад, мумкин аст, гирифтори анорексия (камхӯрӣ) ё булимия (пурхӯрӣ) ва ё камхунӣ (норасоии оҳан дар хун) гардад, аз рехтани мӯй дар амон намемонад. Иваз намудани воситаҳои зидди ҳамл, таваллуди фарзанд, исқоти ҳамл метавонад сабабгори рехтани мӯйҳо гардад. Ба ғайр аз омилҳои номбаркардаамон, ҳамчунин, зуд-зуд шона кардани мӯйи сар ва баҳудаю беҳуда сарро шустану ранг кардан боиси хазонрези мӯйҳо мешавад...
Шӯи модарамро тӯҳмат кардаму...
...Ман дар дилам ӯро “Шреки очам” меномидам, аммо баъди никоҳ кардан мақсадҳои Ҷасур маълум шуд. Модарам ба ин шамоили аҷибу ғариб, он қадар мубтало буд, ки дигар ҳамаро фаромӯш карда буд. Дар як муддати кӯтоҳ ҷойи костюму куртаҳои арзонбаҳои хитоии ӯро либосҳои брендии қиматбаҳои туркӣ гирифтанд. Ҷасуршоҳ опели кӯҳнаашро фурӯхта, мошини нав гирифт, ки сад фоиз боварӣ дорам, дар харидани он саҳми модарам буд. Модарам барои ҳамсару духтару модари ӯ аз Туркия ҷавоҳироту матоъҳои қиммат меовард, вале “Шрек” маст шуду акнун ба сари очаам даст мебардошт…
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 27-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 14-уми июли соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!