Formula novemver 2024
ЗАНИ КӮЧА ХУШРӮЙ,ЗАНИ ХОНА БАДРӮЙ
06.05.2021
Оила
4354


Салом ҳафтаномаи “Оила”!

Чанд ҳафта пеш дар саҳифаи “навиштам номае” мактуби хонандаеро таҳти унвони “Шавҳарам маро рӯймолпеч карду худаш” хондаму нисбати тақдири ин хоҳар бе тараф истода натавонистам.

Хоҳари азиз! Маълум, ки шавҳари шумо хеле марди бадрашк аст. Барои ҳамин, ӯ домани кӯтоҳ, либосҳои ҳарир, ороиши мӯю ранги нохунҳоро ҳамчун воситаи ҷалбкунии мардон меҳисобад. Рӯзҳои истироҳат ҳангоми дар хона буданаш қошу чашму лабонатонро рангу бор дода, либосҳои зебоятонро пӯшед ва бо табассум нисбаташ меҳрубонӣ кунед. Дар мактубатон қайд карда будед, ки духтарони кӯча ҳамеша дар чашмони шавҳаратон зебоянд. Шумо низ коре кунед, ки диққати шавҳаратонро ба худ ҷалб созед. Ӯ бояд эҳсос намояд, ки шумо барои ӯ кӯшиш кардаед. Ҳангоми дар хона набуданаш, умуман ба худ аҳамият надиҳед. Аммо вақте ки аз кор баргашт, дарҳол мӯятонро ба тартиб оварда, либоси шинам ба бар намоед.

Рухшона

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД