Зан кӯдаки 5-моҳаашро латукӯб кард, то шавҳарашро ҷазо диҳад
283

Дар Хатлон як зан бо мақсади ҷазо додани шавҳараш кӯдаки 5-моҳаашро латукӯб кардааст.

Навори латукӯби тифли ширхора аз ҷониби модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз пайи таҳқиқи он шуданд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ҳодиса дар ноҳияи Темурмалик рӯй дода, ҷавонзани 21-сола Бойсарова Шукрона дар пайи як моҷарои оилавӣ бо ҳамсараш кӯдаки 5-моҳаашро мавриди латукӯб қарор додааст. Ҷавонзан худаш ин кирдори худро ба навор гирифта, навори видеоиро бо мақсади ҷазо додан ба шавҳараш равон кардааст.

Кормандони милитсия бо зан суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида, ҳушдор додаанд, ки минбаъд аз чунин амалҳои бераҳмона нисбат ба кӯдак худдорӣ намояд, дар акси ҳол нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД