Arzon march 2024
Заминларза дар Суғд ба 328 хона зарар расонд
672

Заминларзаҳои пай дар пай, ки тӯли ҳафтаи гузашта дар қаламрави кишварамон сар заданд, бештар ба сокинони Вилояти Суғд зарар расонида, садҳо хонаро вайрон карданд...

Аз ҷумла дар ноҳияи Масчоҳи кӯҳӣ бар асари заминларза 318 бино осеб дида, аз ҷумла 4 хона ба пуррагӣ вайрон шудааст.
Сокинони деҳаи Палдорак аз заминларза беш аз ҳама зарар дидаанд. Дар ин деҳа аз офати табиӣ 165 бино осеб дида, 4 хона пурра вайрон ва 37 хонаи дигар қисман хароб гаштааст. Дар Палдорак ҳамчунин 124 иншооти дигар зарари сабук дидаанд.

Хушбахтона талафоти ҷонӣ бар асари заминларза ба қайд гирифта нашудааст, вале 3 нафар захмӣ гашта, 18 чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майдаи сокинон талаф ёфтааст. Сокинони дигар деҳаҳои ноҳия ва вилоят ба осебдидагони заминларза кӯмак мерасонанд.
Тавре ки сардори хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба Азия-плюс гуфтааст, тамоми биноҳои бар асари заминлара осеб дида, бидуни риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон бунёд гашта, бениҳоят кӯҳнаву фарсуда буданд ва ҳатто пойдевор надоштаанд.
Ёдрас мешавем, ки 23-юми март дар қаламрави ҷумҳурӣ якбора ду заминларза сар зад. Заминларзаи аввал соатҳои 1.07-и шаб ҳамагӣ
6-7 км дуртар аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари Масчоҳи кӯҳӣ сар зада, қувваи зилзила дар марказаш 5-6 бал, дар Рашт 4-5 бал ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод. Заминларзаи дуюм субҳ, соати 07:53 дар қаъри 40 километр такрор ёфта, қувваи зилзила ин навбат дар марказаш 4,8 бал ва дар шаҳри Душанбе 1-2 балро ташкил кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД