Ман як мусофири тоҷик дар Лондон кору таҳсил мекунам. Аз миёни сарояндагони санъати тоҷик ҳунарнамоии овозхони ҷавону хушсадо Закияро зиёд дӯст медорам. Ҳар гоҳе дилам ба ёди Ватан гум занад, сурудҳои ин паричеҳраро аз Ютуб тамошо карда, хумор мешиканам. Хусусан суруди ҳиндии “Хатуба”-ро Закия на кам аз сарояндаи ҳиндустонӣ сароидааст. Вақтҳои охир Закияро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле кам мебинам, сурудҳои нав низ эҷод намекунад. Мегӯянд, ки Закия бо журналистон мусоҳиба намекунад. Сабаб дар чист? Закия шавҳар кардааст ё аз касе метарсад?
Хуршед Табаров
Барои пайдо намудани посух ба саволи хонанда ба Закияи нозанин занг задем, вале бинобар сабаби хомӯш будани телефони дастияш натавонистем аз худаш ҳақиқатро пурсон шавем.
Азбаски продюсери хонум Закия Баҳриддини Сабур ҳастанд, бо мақсади ба даст овардани маълумот бо Баҳриддин дар тамос шудем.
Баҳриддин баъд аз фаҳмидани мақсади мо қайд намуд, ки Закия чун ҳамешагӣ ҳамарӯза маҳфилорои базму хурсандии мардум буда, як лаҳза аз санъат дур шуданӣ нест.
"Закиябону санъатро зиёд дӯст медорад ва касе бидуни хоҳиши ӯ монеи кору фаъолияташ гашта наметавонад", - гуфт Баҳриддин ва илова намуд, ки "Закия дар пайи омода намудани клипи ҷадиде ҳаст, ки то имрӯз амсоли онро тамошобин надидааст ва насиб бошад, рӯзҳои наздик мухлисони асил аз тамошову муҳтавои суруду клип ҳаловат мебардоранд".
Ӯ гуфт, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё сафар доранд, то клипро он ҷо навор гиранд.
То ҷое медонем, Закия зода ва истиқоматкунандаи Душанбешаҳр буда, то ҳол оиладор нашудааст. Ӯ ҳамагӣ 24 сол дорад ва аллакай дар ин сину сол миёни дӯстдорони суруду таронаҳои тоҷикиву форсӣ соҳиби ному шуҳрат гаштааст.