ЮНИСЕФ ва Tcell рушди малакаҳои ҷавонон ва шуғли онҳоро дар Тоҷикистон тавассути шарикии нави омӯзишӣ тақвият медиҳанд
26.01.2026
Oila.tj
48

ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Tcell Нақшаи нави омӯзиш ва рушди малакаҳоро барои соли 2026 ба имзо расониданд. Ин санад шарикии ду ҷонибро дар самти дастгирии фарогирии рақамӣ, қобилияти шуғлёбӣ ва рушди малакаҳои 1 500 наврас ва ҷавони синни 18–24 сола дар панҷ минтақа ва шаҳрҳои кишвар тақвият медиҳад.

Созишномаи иловашуда ҷузъи ҳамкории давомдори ЮНИСЕФ ва Tcell буда, ба тақвияти барномаи "Learning To Earning"-и ЮНИСЕФ равона шудааст. Ин барнома ҳадаф дорад, барои ҷавонон роҳеро аз омӯзиш ва рушди малакаҳои асри XXI то шуғли шоиста фароҳам оварад. Тавассути ин шарикӣ ҳар ду созмон имкониятҳоро барои рушди малакаҳои амалӣ, мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, густариш медиҳанд.

Дар доираи Нақшаи омӯзишии 8-моҳа, Академияи тиҷоратии Tcell ба 1 500 иштирокчӣ, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ аз Марказҳои Шуғли фосилавӣ (ISH) ва Озмоишгоҳҳои инноватсионӣ (AIL) муайян шудаанд, омӯзишҳои сохторёфта пешниҳод мекунад. Барнома барои таҳкими малакаҳо дар самтҳои муошират, презентатсия, фурӯш ва хизматрасонӣ ба муштариён равона гардида, малакаҳои калидиро барои баланд бардоштани қобилияти шуғлёбӣ, рақобатпазирӣ ва даромаднокӣ дар иқтисодиёти рақамии босуръат рушдёбанда тақвият медиҳад.

Омӯзишҳо дар шакли ду машғулияти интерактивӣ дар як моҳ, ҳар ду ҳафта як маротиба, бо давомнокии се соат барои ҳар як машғулият баргузор мегарданд. Дар давоми шаш моҳ, дар маҷмӯъ 60 машғулияти омӯзишӣ дар панҷ минтақа – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ гузаронида мешаванд, ки дар маҷмӯъ 180 соати академиро дар саросари кишвар ташкил медиҳанд.

"Дар доираи ин шарикии тақвиятёфта, Tcell дар давоми шаш моҳ дар панҷ минтақа ба 1 500 ҷавон омӯзиш мегузаронад. Ин омӯзишҳо тавассути 60 машғулияти босифат, ки аз ҷониби мураббиёни касбии худи Tcell баргузор мегарданд, амалӣ хоҳанд шуд. Ташаббуси мазкур дорои ҳадафҳои бузург буда, ӯҳдадории воқеии Tcell-ро дар самти таъмин намудани ҷавонон бо малакаҳо ва салоҳиятҳои зарурӣ барои иқтисодиёти босуръат тағйирёбандаи замони мо инъикос мекунад," гуфт Артур ван Дизен, Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Ин ташаббус ӯҳдадории ЮНИСЕФ Тоҷикистонро барои тавонмандсозии наврасон ва ҷавонон бо малакаҳои муҳим инъикос намуда, ҳамзамон аз шарикии бахши хусусӣ барои васеъ намудани таъсир ва фарогирии гурӯҳҳои бештари ниёзманд замина фароҳам меорад. Бо муттаҳид кардани платформаҳои рушди ҷавонони ЮНИСЕФ бо таҷрибаи Tcell тавассути Академияи тиҷоратии он барнома ба эҷоди роҳҳо барои иштироки фарогири иқтисодӣ ва манбаъҳои устувори зиндагӣ мусоидат мекунад.

«Дар тӯли 25 сол Tcell на танҳо бо технология ва пайвастшавӣ, балки тавассути сармоягузорӣ ба инсонҳо ҳамқадам бо Тоҷикистон рушд кардааст. Ин шарикӣ бо ЮНИСЕФ эътиқоди деринаи моро инъикос мекунад, ки рушди устувор тавассути   рушди истеъдод ва роҳбарии маҳаллӣ ва интиқоли малакаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба насли оянда бунёд меёбад. Дар Tcell мо дар баробари фаъолият бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳамзамон ба иқтидори маҳаллӣ такя мекунем. Тавассути Академияи тиҷоратии Tcell мо ӯҳдадор ҳастем, ки ҷавононро бо малакаҳои амалӣ ва мутобиқ ба бозор таъмин намоем, ки бевосита ба шуғлёбӣ ва имкониятҳои даромад табдил меёбанд. Бо тавонмандсозии ҷавонон дар самтҳои муошират, кор бо муштариён ва фурӯш, мо қувваи кории боэътимод ва рақобатпазирро барои иқтисодиёти рақамӣ ташаккул медиҳем. Якҷоя бо ЮНИСЕФ мо на танҳо ба омӯзиш, балки ба устувории дарозмуддати иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем, то ҷавонон тавонанд рушд кунанд, саҳм гузоранд ва ояндаи кишварро бо салоҳият, шаъну шараф ва масъулиятшиносӣ роҳбарӣ намоянд»,- тазаккур дод Директори генералии Тселл Озодхон Давлатшоев.

ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо шарикон аз бахшҳои гуногун идома медиҳад, то ҷавонон бо малакаҳо, дониш ва имкониятҳои зарурӣ таъмин шуда, дар рушди ҷомеаҳо ва кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД