Sebiston new 2024 october
ВОКУНИШИ ЯҲУДИҲО БАР ЗИДИ ОВОЗХОН ЮЛДУЗ УСМОНОВА
5888


Юлдуз Усмонова,-ситораи №1-и эстрадаи узбек ва овозхони шинохтаи Шарқ чанд рӯз боз мавриди сангборони маънавии иддае аз яҳудиён қарор гирифтааст. Моҷарои ин ҳунарманди шӯҳратёр бо яҳудиён баъди вокуниши шадиди Юлдуз Усмонова нисбат ба амалҳои Исроил дар Фаластин оғоз ёфт.


Дар пайи мушакборони Исроил садҳо нафар фаластиниҳои бе гуноҳ кушта шуданд, ки дар байнашон кӯдакони хурдсол низ ҳастанд. Фоҷиаи хунини ба сари мардуми Фаластин омада, дили ин ситораи ӯзбекро ба дард оварда, нисбати ин амали Исроил вокуниши шадид нишон дод. Овозхони машҳур рӯзи 13-май дар саҳифаи Инстаграмм ба халқи Фаластин изҳори ҳамдардӣ намуда, Исроилро "ғосиб" номид ва ҳамчун рамзи эътироз гуфт, ки Исроилро давлат намеҳисобад.


"Мо мардуми Исроил мегӯем, ман онро давлат намеҳисобам. Зеро худашон хуб медонанд, ки ғосиб ҳастанд... Инсон дар зиндагӣ танҳо як маротиба мемирад. Агар зарур шавад, агар даъват кунанд, пас мо ба ҷанг меравем. Бигзор ин фикрро надошта бошанд, ки мо танҳо машғули худ ҳастем. Агар зарур шавад, мо муттаҳид мешавем. Фаластиниҳо - қаҳрамонони мо ҳастанд. Онҳо он заминро ҳифз ва барои он меҷанганд", - навишта буд Юлдуз Усмонова.


Юлдуз Усмонова ба қатори овозхонҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дохил мешавад, аз ҳамин хотир изҳороти ин ҳунарманди шуҳратёр, ки ба хотири дифоъ аз мардуми Фаластин ҳатто барои ба ҷанг рафтан тайёр буданашро ошкоро изҳор намуд, ба яҳудиён хеле сахт расида, дар муқобили ин ситораи ӯзбек сангар гирифтанд.


Ҷамъияти яҳудиҳои бухороӣ дар #ИМА ва #Исроил аз Юлдуз Усмонова талаб кардаанд, ки аз мардуми Исроил "барои ҳарфҳои яҳудиситезонааш" узрхоҳӣ кунад. Сангборони маънавии ҳунарманд имрӯзҳо натанҳо аз ҷониби ҷамъиятҳои миллии яҳудиён, балки аз ҷониби яҳудиёни аҳолиҳида низ идома дорад.


Алекс Бараев, яке аз соҳибкорони исроилӣ дар саҳифаи "Фейсбук" некиҳои ба Юлдуз кардаашро миннат карда, навиштааст, ки вай борҳо ба Усмонова барои барпо намудани барномаи консертӣ дар ватанаш кӯмак кардааст ва чунин изҳоротро аз Юлдуз ҳеҷ интизор набуд.


Намояндаи дигари яҳудиҳои бухороии муқими Исроил Ефим Миратов навиштааст, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бояд Юлдуз Усмоноваро барои ин ҳарфҳояш аз унвони овозхони мардумӣ маҳрум созад. Наргиза Шабанова, яҳудии бухороии дигар, ки дар ИМА зиндагӣ дорад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки барои вай "Юлдуз Усмоноваи овозхон вуҷуд надорад".


Юлдуз Усмонова ҳанӯз ба ин сангандозиҳои яҳудиён посух надодааст. Новобаста ба ҳама вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ Бинямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил мегӯяд, амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғаззо "ҳар чи қадаре, ки зарур шавад, идома мекунад."

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД