Вируси хатарноки Nipah: нишонаҳои беморӣ ва роҳҳои пешгирии он
08.02.2026
Oila.tj
80

Хуруҷи вируси "Nipah" дар Ҳиндустон

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки вируси марговари Nipah, ки дар қисмати ғарбии Ҳиндустон паҳн шудааст, ба дигар минтақаҳо низ доман паҳн карда метавонад, зеро ин вирус ҳанӯз ба таври зарурӣ омӯхта нашудааст.

Тарик Жазаревич, намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Женева ба РИА Новости дар боби хатари паҳншавии минбаъдаи вируси “Nipah” маълумот дода, қайд кардааст, ки вируси мазкур дар баъзе намудҳои кӯршапаракҳо дар чанд минтақаи Ҳиндустон ва Бангладеш, аз ҷумла Бенгалияи Ғарбӣ боқӣ мемонад.

Вируси "Nipah" моҳи январи соли равон дар Ҳиндустон хуруҷ намуда, 5 нафар табибони ҳиндӣ аз ин вирус сироят ёфтаанд ва зиёда аз 100 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

"Nipah" чӣ гуна вирус аст?

Тибқи маълумоти созмони ҷаҳонии тандурустӣ “Nipah “ аз зумраи вирусҳои хатарноки марговар буда, сатҳи фавт аз он аз 40 то 75 фоизро ташкил медиҳад. Дар сурати аз ин беморӣ наҷот ёфтан низ оқибатҳои неврологии он муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд.

Вируси “Nipah" бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ паҳн мешавад ва тавассути тамос бо ҳайвонот ё истеъмоли меваю сабзавоте, ки луоби даҳони ҳайвоноти сироятёфта ба он расидааст, ҳамчунин аз шахси бемор метавонад ба одамони солим гузарад. Нишонаҳои аввалинаш ба зӯкоми оддӣ монандӣ доранд ва ин ҳолат дар марҳилаҳои аввал ошкор кардани бемориро душвор месозад. Давраи инкубатсионӣ аз 4 то 21 рӯзро дар бар мегирад.

Нишонаҳои сироятёбӣ ва оқибатҳои он

Баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, дарди сар, дарди мушшакҳо ва эҳсоси хастагию хоболудӣ нишонаҳои аввалини сироятёбӣ буда, баъдан аломатҳои дигар аз қабили сулфа, нафастангӣ ва пневмония пайдо мешаванд. Вируси "Nipah" метавонад касро ба энцефалит-  илтиҳоби майнаи сар ва менингит гирифтор созад.

Тавре ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон гуфтанд, манбаъи асосии сироятёбӣ аз ин вирус як намуди кӯршапаракҳо мебошанд, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунанд. Аз ин нигоҳ, ба кишвари мо хатари сироятёбии одамон аз вируси мазкур қариб, ки вуҷуд надорад. Ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, ҷиҳати пешгирии беморӣ чораҳои зиёде андешида мешаванд, зеро дар кишвари мо зиёда аз 1500 нафар донишҷӯёни ҳиндӣ таҳсил мекунанд, илова бар ин фазои парвоз ба Ҳиндустон боз аст.

Дар фурудгоҳ ҳароратсанҷҳои фосилавӣ набс карда шуданд

Бо мақсади пешгирии беморӣ ва ташхиси саривақтии он дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ насб шуда, мусофирони аз мамолики хориҷӣ, махсусан аз Ҳиндустон омада ҳатман муоина карда мешаванд. Дар баробари ин, барои ташхиси вируси "Nipah аз Русия тестҳои махсус ворид карда мешаванд. Дар Тоҷикистон 22 озмоишгоҳи вирусологӣ мавҷуд буда, озмоишҳо дар онҳо гузаронида мешаванд.

Ҳамсоякишварҳо чӣ тадбир андешидаанд?

Дар Русия ва кишварҳои ҳамсояамон Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон низ то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси "Nipah” ба қайд гирифта нашудааст, вале дар ин кишварҳо низ табдирҳои пешгирикунанда андешида шудаанд ва мусофироне, ки аз Ҳиндустон ва дигар кишварҳои хориҷӣ меоянд, ташхису муоина карда мешаванд.

Чанд тавсияи муҳим барои пешгирии беморӣ

Ба сайёҳон ва дигар шахсоне, ки дар минтақаҳои хатарнок қарор доранд, тавсия дода мешавад, ки барои пешгирии сироятёбӣ аз ин вирус ба қоидаҳои зерин риоля намоянд:

1.  Аз тамос бо ҳайвонҳо худдорӣ кунед - аз ғорҳо ва макони зисти ҳайвонот, махсусан кӯршапаракҳо дурӣ биҷӯед.

2.  Ба тозагӣ риоя намуда, меваю сабзавотро бодиққат бишӯед, беҳтараш пӯсташро тоза карда, баъд истеъмол намоед.

3.  Аз нӯшидани шарбатҳои ноҷӯшонида худдорӣ кунед.

4.  Аз фурӯшандагони кӯчагӣ шарбат ва обҳои носанҷидаро харидорӣ накунед ва истифода набаред. 

5.  Бештар оби ҷӯшонидашуда нӯшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД