arzon replenishment
Вазорати тандурустӣ гуфт, ки хабари хуруҷи коронавируси нав дар кишвар асоси воқеӣ надорад
20.01.2025
ОИЛА.ТҶ
586

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла WhatsApp ва Telegram матни тавсияномае аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар чарх мезанад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи мазкур ҳеҷ алоқамандие ба вазорат надошта, он аз номи саҳифаҳои сохта, ё ба ибораи дигар «фейк» нашру пахш гардида истодааст.

- Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба хуруҷи сирояти мазкур, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд,- меафзояд дафтари матбуоти вазорат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД