Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар изҳороте гуфтааст, ки доруи “Пантогам” ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ҳамчунин, вазорат вобастагии фавти кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб аз истифодаи доруи “Пантогам”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, беасос хондааст.
Вазорат рӯзи 15-уми январ гуфтааст, ки баъди паҳн шудани овозаҳо дар мавриди зарари доруи “Пантогам” ин масъаларо баррасӣ кардааст.
“Натиҷаи санҷишҳои физикию химиявии такрории намунаи силсилаҳои гуногуни доруи мазкур муайян намуданд, ки силсилаҳои зери ташхис қарор гирифта ба талаботи стандартҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ мебошад”,- навиштааст ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ изҳор доштааст, ки дар ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои истеъмоли доруи мазкур “дар шахс ҳолатҳои дигар ҳам метавонанд пайдо шаванд”. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин ниҳод, “аз меъёр зиёд истифода бурдани “Пантогам” боиси вайроншавии хоб ё хоболудӣ ва садо дар сари инсон мегардад.
“Ҳангоми табобати дарозмуддат истифодаи якҷояи ин дору бо дигар доруҳои ноотропӣ ва воситаҳои ангезадиҳанда (стимуляторҳо) тавсия дода намешавад”,- гуфта мешавад дар хабари расмӣ.
Ёдрас мешавем, ки чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое паҳн шудаанд, ки гӯё ин дору ба саломатии чандин кӯдак зарар расонидааст.