Вазирони тандурустии Қазоқистону Ӯзбекистон дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
03.10.2025
Oila.tj
141

Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Акмарал Алназарова ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек Анварович, ки барои иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дидан карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саҳни ин муассисаи олии таълимӣ меҳмононро роҳбарияти вазорат ва донишгоҳи мазкур пешвоз гирифтаанд.

Зимни боздид меҳмонон ба Маркази симулиятсионии донишгоҳ ташриф оварда, бо раванди таҳсил ва таҷрибаи донишҷӯён шинос гаштаанд. Ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шудааст, ки дар маркази мазкур махсусан барои фаъолияти амалии табибони оянда шароиту имкониятҳои муосир ва зарурӣ фароҳам оварда шуда, устодони ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД