Formula novemver 2024
Вазъи обу ҳавои имрӯз чӣ гуна аст?
557

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Вазиши шамол дар баъзе ҳолатҳо то 10-15 метр дар як сонияро ташкил хоҳад дод, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа, рӯзона 36+41 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр ва дар баъзе ҳолатҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД