formula
ВАРЗИШГАРОНИ РУС ДАР ТОКИО ДОПИНГ КАРДАНД?
1535


Тими миллии Русия дар Олимпиадаи тобистонаи Токио 71 ҷоиза ба даст оварда, дар ҳисоби медалҳо мақоми панҷумро касб кардааст...

Аз моҳи декабри соли 2020, бо қарори Суди Арбитраж оид ба варзиш, нисбати варзиши Русия таҳримҳои дусола ҷорӣ карда шуданд. Ин дар натиҷаи баҳси байни Оҷонси ҷаҳонии зиддидопингӣ ва Оҷонсии зиддидопингии Русия ба вуқӯъ омада буд.

Ҳама санҷишҳои допинги варзишгарони Русия дар Олимпиадаи Токио манфӣ натиҷа доданд, -гуфт Андрей Жолинский, сардухтури даста, директори Маркази тибби варзишии FMBA, дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Вай қайд кард, ки ҳамарӯза аз варзишгарон таҳлил ва намуна гирифта мешуд, варзишгарон бояд дар бораи маҳалли ҷойгиршавии худ маълумот медоданд.

Ба варзишгарони рус, ки дар Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ намояндаи намуди варзиши сабук буданд, таҳти номи кишвар, парчам ва гимн баромад кардан манъ шуда буд. Бо вуҷуди ин, дар Олимпиадаи Токио ба варзишгарон иҷозат дода шуд, ки рангҳои парчами Русияро дар либоси худ истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД