sebiston july new
Валиҷон Азизов дар Хуҷанд шоу-консерт баргузор мекунад
748

 

Валиҷон Азизов яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози кишвар аст, ки бо сурудҳои дилнишини худ ба дили ҳамагон роҳ ёфтааст. Ин сарояндаи машҳур чанд рӯз қабл таронаи нави худро бо номи “Раштӣ” дар ютуб-канали хеш пешкаши мухлисони савту наво сохт.

Клип-таронаи “Раштӣ”-ро аз рӯзи нашр то ба имрӯз зиёда аз 470 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ҳамзамон, шумо метавонед шакли пурраи клипро дар инстаграми Oila.tj бубинед.

Ёдовар мешавем, ки Валиҷон Азизов санаи 5-уми май дар “Қасри Ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд шоу-консерти худро пешкаши ҳаводорони савту наво месозад.

Валиҷон Азизов зимни суҳбат бо хабарнигори сомонаи Oila.tj гуфт: “Дар консерт барои мухлисон чандин таронаҳои нав пешкаш месозем, ки аввалин шунавандаҳо иштирокчиёни ин консерт мебошанд. Консерт ба таври зинда баргузор мешавад ва тӯли як моҳ боз омодагӣ рафта истодааст”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД