Имрӯз яке аз сарояндаҳои хушсадову шӯҳратёр ва дар роҳи интихобкардаи худ муваффақу комёб, вале заминиву хоксор, сарояндае, ки новобаста аз ҷавониаш ба дилу дидаи мардуми кишвар бо сурудҳои ҷаззоб ва пурмаънояш ҷой ва макон ёфтааст, сарояндаи хушсалиқа ва бомаҳорати оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирҷон Рӯзиев зодрӯз дорад.
Амирҷон баъди хатми мактаб мехост дар факултети ҳуқуқшиносӣ идомаи таҳсил кунад, вале он вақтҳо барои он ҷо таҳсил карданаш шароит имкон намедод. Барои ҳамин сарояндагиро интихоб карду ба факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд ва дар он ҷо ҳамагӣ як сол таҳсил кард.
Сипас, бо пешниҳоди ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсилашро дар ин донишгоҳ дар риштаи сиёсатшиносӣ ва сониан дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов идома дод.
Амирҷон Рӯзиев (Амир Ёдгор) 23 - юми июни соли 1994 дар деҳаи хушманзари Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва модараш омӯзгор мебошанд.
Ӯ солҳои 2001-2012 дар МТМУ №25 ба номи Т. Бегматови деҳаи Ашт таҳсил намудааст. Амирҷон соли 2014 баъди сурудани опера бо номи “Ватан” дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, ки ба муносибати ташрифи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда буд, шуҳрату ном ёфт ва бо даъвати Президент ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе омад.
Мавсуф айни замон, дар оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунад.
Сурудҳояш аз лиҳози бадеияти мусиқӣ, рангорангии мавзуъ, таҷассуми мазмуни баланд, усулҳои хосу марғуби мусиқии халқию анъанавӣ, тобишҳои ҷаззобу рўҳнавози навоҳои классикӣ эътибори шоиста касб намудааст.
Барои хизматҳои шоёнаш дар ҷодаи санъат бо нишони “Хизмати шоиста”, бо нишонҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва оркестри ҳарбии Ҷумҳурии Ҳиндустон қадрдонӣ шудааст ва инчунин, "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон"-у "Аълочии телевизион ва радио" мебошад.
Аз идора: Мо сарояндаи боистеъдод Амирҷон Рӯзиевро аз номи аҳли эҷоди сомона бо ҷашни зодрӯзаш сидқан муборакбод гуфта, барояш тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи ободу офияти рӯзгор ва саодати зиндагию барори кор таманно дорем. Ҳеҷ гоҳ овозат хаста нагардад, сарояндаи маҳбубу хушовози тоҷик!