arzon replenishment
Тӯй карда дар бало мондем
28.01.2023
Оила
1958

 

Тӯй карда дар бало мондем

Писарам Хусрав аз овони хурдӣ бачаи якрав буд, на гапи падарашро гӯш мекард, на панду насиҳати ман ба гӯшаш медаромад. Умедвор будем, баъди ба камол расидан ақлаш ба сараш зада, падару модарро қадр мекардагӣ мешавад, аммо хаёламон хом баромад. Ҳар қадар калонтар шавад, ҳамон қадар дарду ғами ин бача бештар мегашт. Хешовандон маслиҳат медоданд, ки ҳарчи зудтар Хусравро зан диҳем. 

Бо умеди «одам» шудани писарамон қарзу қавола карда, келин гирифтем. Гумон доштем, ки акнун писарамон одам мешаваду  нафаси осуда мекашем, вале баъди тӯй як дардамон сад дард шуд. Хусрав арӯсаки бачиларо танҳо гузошта, шаб то саҳар дар ким-куҷоҳо мегардад. Ин бача баъди зангирӣ тамоман «хар» шуда мондааст, на дар ягон ҷо кор мекунад, на парвои зиндагӣ дорад, ҳушу ёдаш танҳо банди ҷӯрабозию арӯсбозист. Дарун ба дарун худро хӯрда истодаам, ки оқибати зиндагии писарам чӣ мешуда бошад, охир духтари мардум бо умеди бахт ба хонаи мо қадам гузоштааст, агар Хусрав ҳамин хел шабгардӣ кардан гирад, ягон рӯз албатта занаш баромада меравад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед! Таноби бачаи эркаамро чӣ хел кашам? 

М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД