Турб сабзавоте аст, ки истеъмоли оби он ҷудошавии шираи меъдаро метезонад ва ҳазми хӯрокро дар организм беҳтар намуда, кори рӯдаро тақвият мебахшад. Он ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд.
Турби дар асал хобонида ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сулфа бисёр давои фоидаовар аст. Ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли оби турб мубодилаи моддаҳоро дар организм метезонад. Турб оби зиёд, вале калорияи паст дорад. Ҳамзамон чун хӯриш истеъмол намудани он ба организм фоидабахш аст. Хӯрдани турбро барои узвҳои даруни сина, паҳлу ва сипурз мувофиқ мешуморанд. Инчунин тухмашро агар ҳар рӯз бихӯранд, ба ин узвҳо фоида мебахшад.
Агар хӯроки вазнин истеъмол намуда, аз болояш 2,5 г тухми турбро хоида бихӯранд, онро зуд ҳазм менамояд. Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст, ки оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро ба узвҳои бадан фиристодан кумак медиҳад.
Тавре табибон тавсия медиҳанд, турб барои иваз намудани норасоии витаминҳо ва намакҳои минералӣ дар бадан хеле муфид аст. Он хусусияти қавии зиддимикробӣ дошта, шарбаташро барои фаъолияти дурусти рӯда ва мустаҳкамкунии мӯй истеъмол менамоянд. Ин сабзавот ба системаи ҳозимаи инсон таъсири мусбат расонида, итеъмолаш атеросклероз, варамҳо, пайдоиши сангҳо дар роҳҳои пешобро бартараф месозад. Ҳамзамон дар тибби халқӣ турби аз турбтарошак баровардаро барои рафъи радикулит истифода мебаранд.
Турб сабзавоте аст, ки ҳарорати баданро ба меъёр меорад. Он ҳарорати баданро фароварда, сардиҳоро, ки аз ҳарорати пешбинишуда ба вуҷуд омадаанд, бартараф месозад. Дар ин ҳолат ба оби турб камтар намак андохта, нӯшидан фоидабахш аст. Инчунин турб бар зидди сироятҳое, ки ҳароратро мебардоранд, мубориза мебарад. Истеъмоли шарбати турб ҳамроҳ бо сабзӣ ва лаблабу барои камхунӣ воситаи хуб мебошад.
Мутахассисони соҳаи тиб хӯрдани турбро дар ҳолатҳои зерин тавсия намедиҳанд: дар вақти ҳомиладорӣ, илтиҳоби рӯдаи ғафс ва борик, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва гурда (ба истиснои ҳолатҳои ташаккули санг) ва дар гастрит бо кислотаи баланд. Одамоне, ки чанде пеш сактаи дил (инфаркт)-ро аз сар гузаронидаанд, набояд турбро аз меъёр зиёд истеъмол намоянд.