Sebiston new 2024 october
ТОЛГАҲОН САЙИШМАН-ТОҶИРЕ,КИ ҲУНАРМАНД ШУД
1261

 

 Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Толгаҳон Сайишман (Tolgahan Sayışman).

Сол ва ҷои таваллуд: 17.12.1981, шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия.

Касб: ҳунарманд ва модел.

Ҷоиза: ҷои дувум дар озмуни зебоии “Беҳтарин модели Туркия” (2002) ва ҷои аввал дар озмуни зебоии “Manhunt International” (2005).

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби як фарзанд.

Ҳамсараш: Алмеда Абазӣ, ҳунарпеша ва модели турки албанитабор, ки соли 2017 издивоҷ кардаанд.

Силсилафилми “Ҳаргиз раҳо намекунам”, ки имрӯз таваҷҷуҳи хурду бузург ба он равона аст, аз шиносоӣ, моҷароҳои пай дар пай ва ниҳоят аз ишқу издивоҷи ду ҷавон қисса мекунад. Қаблан дар бораи Амина Гулше, иҷрокунандаи нақши Нурия маълумот дода будем. Ҳоло бошад, шуморо бо зиндагии пасипардагии Толгаҳон Сайишман, иҷрокунандаи нақши Йигит ошно месозем.

Ҷиддӣ ва масъулиятшинос

Толгаҳон Сайишман дар шаҳри Истанбул, дар оилаи муҳоҷири юнонӣ таваллуд шудааст. Модараш турк мебошад. Аз кӯдакӣ писарбачаи ҷиддӣ ва масъулиятшинос буд. Таҳсил карданро дӯст медошт ва вақти бештарашро барои рушди худаш сарф менамуд. Ҳамин буд, ки дар 10-солагиаш аллакай кор мекард. Ба мӯйсафеди сартароши ҳамсоя кӯмак мекарду дар бозор об мефурӯхт.

Оғози фаъолият

Пас аз хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Доғуши Истанбул месупорад ва донишҷӯи факултаи идоракунии тиҷорат мешавад. Барои Толгаҳон барин ҷавони ҳушманду қавӣ танҳо таҳсил кардан кофӣ набуд. Ӯ дар ин баробар бояд кор мекард. Бо як оҷонсии моделӣ шартнома баста, ба кор шурӯъ менамояд. Замоне ки ба саҳнаи мӯд қадам гузошт, ҳамагӣ 19-сола буд. Соли 2002 дар яке аз озмунҳои зебоӣ иштирок намуда, зинаи дувум ва ҷоизаи “Беҳтарин модели Туркия”-ро соҳиб шуд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД