Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ваъдаи хушку холӣ дода, одамонро ба умед накунед. Қарзҳоятонро, аз ҷумла пули барқ, об ва хизматрасониҳои коммуналиро пурра пардохт намоед. Барои тағйир додани намои зоҳирӣ рӯзи хуб аст. Даромади иловагӣ дар назар нест, бинобар ин, сарфакориро дар мадди аввал гузоред.
Савр (21 апрел-20 май)
Вохӯриҳо бо дӯстону шиносон натиҷаҳои ғайричашмдошт ба бор меоранд. Рӯзро ба оилаи худ бахшед, зеро онҳо дар ҳақиқат ба шумо эҳтиёҷ доранд. Нафарони калонсоли оила ба саврҳое, ки синну солашон ба зангирӣ мувофиқ аст, бояд дар бораи хонадоршавӣ ва шаби аввали тӯй суҳбат кунанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз дар бораи корҳое, ки ҳоло барои иҷрояшон омода нестед, фикр накунед. Фиреб хӯрданатон аз эҳтимол дур нест, эҳтиёткор бошед. Сарфи нерӯ ба хастагӣ оварда мерасонад, бинобар ин, барои истироҳату фароғат низ вақт ҷудо кунед. Барои ошиқон рӯзи неку бобарор гуфта мешавад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ҳамкорон омодаанд, ки шуморо дар ҳама ҳолат дастгирӣ кунанд. Бо кӯмаки дӯстони наздик тиҷорататон рушд мекунад ва фоидаи хуб ба даст меоред. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки ба аёдати афроди калонсол ва ятимону маъюбон биравед. Саратонҳои танҳо имрӯз низ танҳо хоҳанд монд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз пешниҳоди нафарони ношиносро қабул накунед. Ҳатто ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки пешниҳоди нафарони шиносро низ имрӯз рад кунед, зеро дар ин кор ҳикмате ниҳон аст. Шом дасти холӣ ба хона наравед, барои фарзандонатон ҳатман дастовези арзандаеро бо худ бигиред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз аз ҳар коре, ки шуморо асабиву хаста мекунад, дур бошед ва истироҳат карда, қувваи худро дубора барқарор созед. Баъди сайругашт ба мағоза рафта, харид кунед, аммо танҳо чизҳои лозимиро харидорӣ намоед. Ба ҳисси худ эътимод кунед ва фурсатро аз даст надода, аз имкониятҳои мавҷуда истифода баред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Муноқишаи ғайричашмдошт бо хешовандон табъи шуморо имрӯз хира месозад. Наздикони худро дар сари қаҳру ғазаб танқид накунед, зеро сухани шумо ба онҳо сахт таъсир карда метавонад. Корҳоро тибқи нақша пеш баред, то вақтатон беҳуда талаф наёбад. Шом ба хонаатон меҳмони нохонда меояд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯз барои ақрабҳо аз ҳар ҷиҳат хуб сипарӣ мешавад. Акнун корҳоеро иҷро карда метавонед, ки дар гузашта анҷом дода наметавонистед. Шарикони кориатон ба шумо лоиҳаи нави муштаракро пешниҳод мекунанд, аммо пеш аз оне ки қабул ё рад кунед, хуб андеша намоед. Шом хабари нохуш мешунавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ситораҳо имрӯз ба касе қарз доданро тавсия намедиҳанд, вагарна ҳангоми баргардонидани қарз мушкилӣ пеш меояд. Дар ҷои кор масъалаҳои баҳснокро бо роҳи осоиштагӣ ҳаллу фасл кунед. Қавсҳои танҳо бо нафаре вомехӯранд, аммо дар мавриди оилавдоршавӣ ҳоло саросема нашавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз коре кунед, ки миёни шумову наздиконатон ҷангу ҷанҷол барнахезад. Ҳавои гарму гардолуд шуморо асабӣ мекунад. Бо дигарон дағал буданро ба шумо тавсия намедиҳем. Шакку шубҳаро як тараф гузоред ва барои бо идеали худ вохӯрдан ғайрат кунед. Зиёд об нӯшед ва ба варзиши сабук машғул шавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Давоми рӯз чораҳои эҳтиётиро пурзӯртар намоед, зеро эҳтимоли захмӣ шуданатон вуҷуд дорад. Агар вазъи ногуворе ба миён ояд, кӯшиш кунед, ки онро бо ақли солим дарк карда тавонед. Мардҳо аз занҳо дида, дар ин рӯз бештар ба муваффақият ноил мешаванд. Ҳисси хашму ғазаб ва бадбиниро аз худ дур созед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бояд барои расидан ба ҳадафҳои худ заҳмати зиёд кашед. Коре кунед, ки мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкам карда тавонед ва барои мулоқот бо дӯстон вақти кофӣ ҷудо намоед. Ҳутҳои муҷаррад бояд ба вохӯриҳои ошиқонаву романтикӣ омода бошанд. Даромади иловагӣ дар назар нест.