Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2886

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз дар муносибат бо наздиконатон босабр бошед. Онҳоро ба итоати худ дароварда наметавонед, зеро он қадар содалавҳ нестанд, ки ба зудӣ ба шумо бовар кунанд. То асабатонро ором накунед, корҳоятон пеш намераванд. Ҳамалҳои ошиқро нокомӣ дар роҳи ишқ интизор аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз орзуҳои деринаи шумо ҷомаи амал мепӯшанд. Нафареро, ки дар ҳама ҳолат ҳамроҳатон асту шуморо дастгирӣ мекунад, қадр намоед ва нисбаташ бепарвоӣ зоҳир накунед. Эҳтимоли захм бардоштанатон зиёд аст, бинобар ин, эҳтиёткор бошед. Даромади пулӣ дар назар нест, умедворӣ накашед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо наздиконатон муросо карда наметавонед. Беҳтараш бо онҳо машғул нашавед, вагарна дар сари қаҳру ғазаб нафаре аз онҳоро хафа мекунеду худатон ҳам баъдан пушаймон мешавед. Мушкилоти пуливу молӣ пеш намеояд, вале шумо ҳамоно барои рӯзи мабодо пасандоз кардан гиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар шумо хоҳиши суҳбат кардан бо нафари наздикатон пайдо мешавад. Ситораҳо мегӯянд, ки ин хоҳишатонро иҷро намоед. Суҳбати самимӣ асабҳои шуморо чунон ором мекунад, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ танҳо ба ҳарфи қалбатон гӯш диҳед, ки чӣ мегӯяд.

Асад (23 июл-22 август)

Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз як пешниҳоди кории хеле мусоидро қабул хоҳед кард. Агар мустақилона қарорро қабул карда натавонед, аз дӯстони наздик ва ҳамкорони содиқатон маслиҳат пурсед. Бештар истироҳат кунед ва ба варзиш машғул шавед. Машқҳои ҷисмонӣ муфид хоҳанд буд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз агар муносибататонро бо хонаводаи худ хуб накунед, эҳтимол танҳо мемонед. Вақти он расидааст, ки сарфакор будан ва дар доираи имкониятҳои худ зиндагӣ карданро омӯзед. Ба гузашта салавот гӯед ва бо нияту нақшаҳои ҷадид ба пеш ҳаракат кунед. Дар азми худ устувор бошед, ба мақсад мерасед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯз барои онҳое, ки мехоҳанд бо дӯстдоштаашон масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намоянд, муфид аст. Баъзеҳо ба корҳои шумо дахолат карда, асабиатон мекунанд. Ором бошед, онҳо ба шумо наздик шудан мехоҳанду халос. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз шумо аз рақиби асосии худ пеш гузашта метавонед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки озод бошед ва дар ҷои кор низ озодона кор кунед. Ба аёдати онҳое биравед, ки чанд муддат надидаед. Шом тамоми оиларо сарҷамъ карда, якҷоя хӯроки шом тановул кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ боэҳтиёт бошед, зеро дуздҳо аз ҷайбатон чизеро дуздида метавонанд. Кӯмаки наздиконатонро, ки ба онҳо эътимод доред, нодида нагиред. Ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед ва барои расидан ба орзуҳои худ кӯшиш кунеду талош варзед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба ҳама атрофиён исбот кардан мехоҳед, ки дорои қобилияти баланди машғул шудан ба тиҷоратро доред. Дӯсти беҳтарини шумо ба кӯмакатон эҳтиёҷ пайдо мекунад ва ҳатман ба ӯ ёрӣ расонед. Пешниҳоди корие, ки дар ҳоли ҳозир ба шумо пешниҳод мекунанд, қабул накунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз аз ҷониби дӯстонатон кӯмаки молиявӣ мегиред. Ин натиҷаи ғамхорӣ ва дилсӯзиҳои шумо нисбат ба онҳо мебошад. Агар иштибоҳе кардед, афсӯс нахӯред, зеро дар ин дунё ҳама хато мекунанд. Кӯшиш накунед, ки худнамоӣ кунед. Дар вақтҳои холигӣ бештар китоб хонед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шӯхиву масхараи дӯстону ҳамкоронро дар ин рӯз нодида гиред. Ба саволи онҳое, ки бароятон беаҳамиятанд, посух надиҳед. Имрӯз дарк мекунед, ки дигар бидуни орзуву ҳавас зиндагӣ карда наметавонед. Даромади иловагии ногаҳонӣ дар охири рӯз шуморо хушҳол мекунад, аммо пул гирифта, зуд ба мағоза наравед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД